https://sputnik.tj/20210919/sobiq-noibi-sarvaziri-tojikiston-tolibon-zan-khilof-1042364779.html
Собиқ ноиби сарвазири Тоҷикистон бархӯрди "Толибон"-ро бо зан хилофи Ислом хонд
Собиқ ноиби сарвазири Тоҷикистон бархӯрди "Толибон"-ро бо зан хилофи Ислом хонд
Sputnik Тоҷикистон
Ширин Исматуллозода, собиқ ноиби сарвазири Тоҷикистон аз давлати "Толибон"* интиқод кард, ки низоми ҷорикардаашон падарсолор, мардмеҳвар ва комилан занситез буда, нақши занону духтарон сахт маҳдуд карда шудааст
2021-09-19T21:00+0500
2021-09-19T21:00+0500
2021-09-20T12:34+0500
иҷтимоъ
афғонистон
толибон
осиёи марказӣ
занон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103082/39/1030823986_5:0:1025:574_1920x0_80_0_0_458ed201cbdfe7e394db846d8628b832.jpg
ДУШАНБЕ, 19 сен – Sputnik. Ширин Исматуллозода мегӯяд, занони Афғонистон бо ҳузурашон дар бахшҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ дар солҳои охир собит карданд, ки аз лиҳози қобилияту истеъдод ва зарфияти неруҳои зеҳнию ақлонӣ аз мардҳо ҳеҷ камӣ надоранд.Собиқ ноиби сарвазири Тоҷикистон, бо нашри як матлаб дар сомонаи "Ховар" изҳор доштааст, ки агар "Толибон"* нияти хотима бахшидан ба ҷанг, наҷот додани Афғонистон аз бўҳрони сиёсию иҷтимоиро доранд, ба ҳеҷ ваҷҳ чунин муносибати нохушоянде нисбат ба ҳуқуқу озодиҳои фитрию иҷтимоии мардум, алалхусус, нисбат ба ҳуқуқу озодиҳои занон нишон намедиханд. Ӯ таъкид намудаст, ки барои таъмини рушди босуботи иқтисодию ҷамъиятӣ, пеш аз ҳама, кадрҳои соҳибкасбу ҳунарманд, мутахассисони саводнок заруранд ва бештар аз 30%-и ҳамин гуна кадрҳои мутахассису соҳибмаълумоти Афғонистон занон мебошанд. Ин нуктаро, ки ҷалби занон ба корҳои идоракунии давлатӣ танҳо ба манфиати давлат ва ҷомеа мебошад, таҷрибаи давлатдории муосири бисёр кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои аксарияти аҳолиашон мусулмон, мисли Эрон, Туркия, Сингапур, Индонезия, Малайзия, Тоҷикистон, Ўзбекистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ба таври равшан собит месозад, зикр намуд Исматуллозода. Ӯ бархӯрди "Толибон"*-ро бо занон аз одатҳои патриархалии давраҳои қадим ва асримиёнагӣ хонда, хилофи таълимоти сарчашмаҳои асосии исломӣ арзёбӣ намуд. Ширин Исматуллозода бо такя ба осори фақеҳони мазҳаби ҳанафӣ, ки аксарияти мусулмонони Тоҷикистону Афғонистон пайрави онанд, чунин натиҷагирӣ кардааст, ки занон дар се арса мавриди икром ва эҳтиром қарор гирифтаанд. Бо зикри ин нуқот, собиқ ноиби сарвазири Тоҷикистон рафтору муносибати хушунатомези "Толибон"*-ро нисбат ба заноне, ки баҳри ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои худ мубориза мебаранд, на танҳо хилофи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилал, балки зидди таълимоти исломӣ хонд. "Толибон"* нимаи моҳи август Кобулро ғасб карда, аз ташкили аморати исломӣ дар ин кишвар хабар доданд. Онҳо изҳор доштанд, ки занро дар ҳукуматашон шомил намекунанд ва бар хилофи ваъдаҳояшон монеаи кору таҳсили занон шудаанд. * - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20210919/murojiat-navi-registoni--jinoyoti-tolibon-panjsher-video-1042360958.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103082/39/1030823986_200:0:965:574_1920x0_80_0_0_599fc7112a811b7158d6f34769d2f1af.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
занон, толибон, ҳукумат, мардмеҳвар
занон, толибон, ҳукумат, мардмеҳвар
Собиқ ноиби сарвазири Тоҷикистон бархӯрди "Толибон"-ро бо зан хилофи Ислом хонд
21:00 19.09.2021 (Навсозишуда: 12:34 20.09.2021) Ширин Исматуллозода, ноиби собиқи сарвазири Тоҷикистон аз ҳукумати "Толибон"* интиқод кард, ки низоми ҷорикардаашон падарсолор, мардмеҳвар ва комилан занситез буда, нақши занону духтарон сахт маҳдуд кардааст
ДУШАНБЕ, 19 сен – Sputnik. Ширин Исматуллозода мегӯяд, занони Афғонистон бо ҳузурашон дар бахшҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ дар солҳои охир собит карданд, ки аз лиҳози қобилияту истеъдод ва зарфияти неруҳои зеҳнию ақлонӣ аз мардҳо ҳеҷ камӣ надоранд.
Собиқ ноиби сарвазири Тоҷикистон, бо нашри як матлаб дар сомонаи "Ховар" изҳор доштааст, ки агар "Толибон"* нияти хотима бахшидан ба ҷанг, наҷот додани Афғонистон аз бўҳрони сиёсию иҷтимоиро доранд, ба ҳеҷ ваҷҳ чунин муносибати нохушоянде нисбат ба ҳуқуқу озодиҳои фитрию иҷтимоии мардум, алалхусус, нисбат ба ҳуқуқу озодиҳои занон нишон намедиханд.
Ӯ таъкид намудаст, ки барои таъмини рушди босуботи иқтисодию ҷамъиятӣ, пеш аз ҳама, кадрҳои соҳибкасбу ҳунарманд, мутахассисони саводнок заруранд ва бештар аз 30%-и ҳамин гуна кадрҳои мутахассису соҳибмаълумоти Афғонистон занон мебошанд.
Ин нуктаро, ки ҷалби занон ба корҳои идоракунии давлатӣ танҳо ба манфиати давлат ва ҷомеа мебошад, таҷрибаи давлатдории муосири бисёр кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои аксарияти аҳолиашон мусулмон, мисли Эрон, Туркия, Сингапур, Индонезия, Малайзия, Тоҷикистон, Ўзбекистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ба таври равшан собит месозад, зикр намуд Исматуллозода.
Ӯ бархӯрди "Толибон"*-ро бо занон аз одатҳои патриархалии давраҳои қадим ва асримиёнагӣ хонда, хилофи таълимоти сарчашмаҳои асосии исломӣ арзёбӣ намуд.
Ширин Исматуллозода бо такя ба осори фақеҳони мазҳаби ҳанафӣ, ки аксарияти мусулмонони Тоҷикистону Афғонистон пайрави онанд, чунин натиҷагирӣ кардааст, ки занон дар се арса мавриди икром ва эҳтиром қарор гирифтаанд.
Дар арсаи инсонӣ, зан ба мисли мард аз рӯйи эътиқодаш инсони гиромӣ ва мавриди эҳтиром аст.
Дар арсаи иҷтимоӣ, зан ба мисли мард аз синни кӯдакӣ то дами марг ҳуқуқи таҳсил ва омӯзишро дорад. Зан инчунин, ҳақ дорад аз шуғле, ки бо фитрат, рисолат, табиату хусусияти зан будани ӯ созгорӣ дошта бошад, бархурдор шавад.
Дар арсаи ҳуқуқӣ зан ҳамчун мард дорои ҳаққи моликият ва тасарруфи комил дар амволи худ аст, агар он ҳамчун маҳр ба зан тааллуқ дошта бошад. Ҳуқуқи молиявии зан аз ҳамон овони расидан ба синни булуғ то поёни умр, ҳатто аз оғози таваллуд ҳифз мешавад.
Бо зикри ин нуқот, собиқ ноиби сарвазири Тоҷикистон рафтору муносибати хушунатомези "Толибон"*-ро нисбат ба заноне, ки баҳри ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои худ мубориза мебаранд, на танҳо хилофи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилал, балки зидди таълимоти исломӣ хонд.
"Толибон"* нимаи моҳи август Кобулро ғасб карда, аз ташкили аморати исломӣ дар ин кишвар хабар доданд. Онҳо изҳор доштанд, ки занро дар ҳукуматашон шомил намекунанд ва бар хилофи ваъдаҳояшон монеаи кору таҳсили занон шудаанд.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар