https://sputnik.tj/20210919/intikhoboti-dumai-davlati-tojikiston-intikhobkunandagon-ray-1042359031.html
Интихоботи Думаи давлатӣ дар Тоҷикистон: то нисфирӯз нисфи интихобкунандагон раъй доданд
Интихоботи Думаи давлатӣ дар Тоҷикистон: то нисфирӯз нисфи интихобкунандагон раъй доданд
Sputnik Тоҷикистон
Cафири Русия дар Душанбе додаҳои муваққат аз теъдоди шаҳрвандони ин кишварро, ки дар интихоботи Думаи давлатии Русия дар Тоҷикистон ширкат кардаанд, эълом намуд
2021-09-19T12:40+0500
2021-09-19T12:40+0500
2021-09-19T13:03+0500
сиёсат
интихобот
думаи давлатӣ
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103147/24/1031472451_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_b15899de9ba0a5600ae1f66c53ceacfe.jpg
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Игор Лякин-Фролов, ки ҳамзамон раиси Комиссияи интихоботи №8278, ба ҳисоб мешавад, додаҳои мутавассит дар мавриди теъдоди шаҳрвандони Русияро, ки дар Тоҷикистон раъй додаанд эълом кард.“Ба ҳамин вақт (соати 12-и зуҳр) ҳудуди 5200 шаҳрванди Русия дар Тоҷикистон дар шаш қитъаи интихоботӣ, ки се адади он дар Душанбе, як ададӣ дар Норак, Бохтар ва сарконсулгарии Русия дар Хуҷанд аст, раъй додаанд. Шаҳрвандони мо ба таври суннатӣ фаъолона раъй медиҳанд”, - гуфт сафири Русия дар Тоҷикистон. Рӯзи 19 сентябр қитъаи раъйдиҳии №8278 дар Душанбе дар сохтмони Дафтари “Россотрудничество” дар Тоҷикистон соати 8:00 ифтитоҳ шуд. Раванди раъйгири тавассути Азиз Диноршоев, як нозири байнулмилалӣ аз Маҷмаъи байнипарлумони Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ ва ҳамчунин нозирон аз Палатаи ҷамъиятии Русия назорат мешавад. Тибқи иттилои сафорати Русия дар Тоҷикистон, дар ин кишвар тақрибан даҳ ҳазор шаҳрванди соҳиби раъйи Русия кору зиндагӣ мекунанд.Ба гуфтаи сафир, давоми чор сол тақрибан 200 ҳазор тоҷикистонӣ шиносномаи Русия гирифтанд.
https://sputnik.tj/20210916/saad-tojikiston-intikhobot-parlumoni-rusiya-1042317451.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103147/24/1031472451_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_2f9f3fe53679fa44a05156b8b04e9751.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
интихобот, овоз, удмаи давлатӣ, сафири русия
интихобот, овоз, удмаи давлатӣ, сафири русия
Интихоботи Думаи давлатӣ дар Тоҷикистон: то нисфирӯз нисфи интихобкунандагон раъй доданд
12:40 19.09.2021 (Навсозишуда: 13:03 19.09.2021) Cафири Русия дар Душанбе додаҳои муваққат аз теъдоди шаҳрвандони ин кишварро, ки дар интихоботи Думаи давлатии Русия дар Тоҷикистон ширкат кардаанд, эълом намуд
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Игор Лякин-Фролов, ки ҳамзамон раиси Комиссияи интихоботи №8278, ба ҳисоб мешавад, додаҳои мутавассит дар мавриди теъдоди шаҳрвандони Русияро, ки дар Тоҷикистон раъй додаанд эълом кард.
“Ба ҳамин вақт (соати 12-и зуҳр) ҳудуди 5200 шаҳрванди Русия дар Тоҷикистон дар шаш қитъаи интихоботӣ, ки се адади он дар Душанбе, як ададӣ дар Норак, Бохтар ва сарконсулгарии Русия дар Хуҷанд аст, раъй додаанд. Шаҳрвандони мо ба таври суннатӣ фаъолона раъй медиҳанд”, - гуфт сафири Русия дар Тоҷикистон.
Рӯзи 19 сентябр қитъаи раъйдиҳии №8278 дар Душанбе дар сохтмони Дафтари “Россотрудничество” дар Тоҷикистон соати 8:00 ифтитоҳ шуд. Раванди раъйгири тавассути Азиз Диноршоев, як нозири байнулмилалӣ аз Маҷмаъи байнипарлумони Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ ва ҳамчунин нозирон аз Палатаи ҷамъиятии Русия назорат мешавад.
Тибқи иттилои сафорати Русия дар Тоҷикистон, дар ин кишвар тақрибан даҳ ҳазор шаҳрванди соҳиби раъйи Русия кору зиндагӣ мекунанд.
Ба гуфтаи сафир, давоми чор сол тақрибан 200 ҳазор тоҷикистонӣ шиносномаи Русия гирифтанд.