https://sputnik.tj/20210919/bedarakshavi-modari-tojik-navzodash-rusiya-1042361686.html
Бедаракшавии модари 18-солаи тоҷик бо тифлаш дар Русия
Бедаракшавии модари 18-солаи тоҷик бо тифлаш дар Русия
Sputnik Тоҷикистон
Дар Русия як модари ҷавони тоҷикистонӣ бо тифли навзодаш бедарак шудааст
2021-09-19T17:00+0500
2021-09-19T17:00+0500
2021-09-19T17:00+0500
муҳоҷират
модар
писарбачаи гумшуда
бедарак
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103149/48/1031494891_0:0:3089:1737_1920x0_80_0_0_34bb80253bd1f8182e2fc51ef5c43b71.jpg
ДУШАНБЕ, 19 сен – Sputnik. Пулис ва идораи минтақавии тафтишотӣ дар вилояти Ленинград модари ҷавон ва тифли навзодашро меҷӯяд, ки аз 16 сентябр ба ин тараф бедарак мебошад. Расонаи минтақавӣ, 47news хабар дод, ки нисфирӯзи 18 сентябр ба идораи пулис дар ноҳияи Кириш марди 53-сола муроҷиат карда, аз бедаракшавии духтари ҷавонаш бо набераи навзодаш хабар додааст. Муроҷиаткунанда арз доштааст, ки духтараш рӯзи 16 сентябр дар пайи муноқиша аз хона дар бинои истиқоматӣ дар кӯчаи Строителей берун шуда, бедарак гардидааст. Ҷавонзан дар даст писари зодаи соли 2021 доштааст. Маълум аст, ки бедаракшуда шаҳрванди Тоҷикистон буда, дар деҳаи Пчевжа дар ноҳияи Кириш иқомат доштааст. Шавҳари 28-солаи ҷавонзани бедаракшуда, ки худ низ шаҳрванди Тоҷикистон мебошад, зимни бозпурсӣ дар идораи пулис изҳор доштааст, ки ҳамсараш ба хонаи падар рафтааст ва дигар ба тамос набаромад, чун телефони мобилӣ надорад. Ба иттилои пулис, бори охир субҳи 17 - уми сентябр модари ҷавонро ҳангоми нишастан ба электричка дидаанд. Ба таҳқиқи ин қазия шуъбаи ноҳиявии идораи тафтишотии вилояти Ленинград машғул мебошад.
https://sputnik.tj/20210919/idm-bozor-mushtarak-mehnat-tasis-1042360601.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103149/48/1031494891_81:0:2812:2048_1920x0_80_0_0_d4c64f5dfa1b5060310a5b2559d7c49d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бедарак, тифл, модар, навзод, гум, муҳоҷират, ленинград
бедарак, тифл, модар, навзод, гум, муҳоҷират, ленинград
Бедаракшавии модари 18-солаи тоҷик бо тифлаш дар Русия
Дар Русия як модари ҷавони тоҷикистонӣ бо тифли навзодаш бедарак шудааст
ДУШАНБЕ, 19 сен – Sputnik. Пулис ва идораи минтақавии тафтишотӣ дар вилояти Ленинград модари ҷавон ва тифли навзодашро меҷӯяд, ки аз 16 сентябр ба ин тараф бедарак мебошад.
Расонаи минтақавӣ,
47news хабар дод, ки нисфирӯзи 18 сентябр ба идораи пулис дар ноҳияи Кириш марди 53-сола муроҷиат карда, аз бедаракшавии духтари ҷавонаш бо набераи навзодаш хабар додааст.
Муроҷиаткунанда арз доштааст, ки духтараш рӯзи 16 сентябр дар пайи муноқиша аз хона дар бинои истиқоматӣ дар кӯчаи Строителей берун шуда, бедарак гардидааст. Ҷавонзан дар даст писари зодаи соли 2021 доштааст.
Маълум аст, ки бедаракшуда шаҳрванди Тоҷикистон буда, дар деҳаи Пчевжа дар ноҳияи Кириш иқомат доштааст.
Шавҳари 28-солаи ҷавонзани бедаракшуда, ки худ низ шаҳрванди Тоҷикистон мебошад, зимни бозпурсӣ дар идораи пулис изҳор доштааст, ки ҳамсараш ба хонаи падар рафтааст ва дигар ба тамос набаромад, чун телефони мобилӣ надорад.
Ба иттилои пулис, бори охир субҳи 17 - уми сентябр модари ҷавонро ҳангоми нишастан ба электричка дидаанд. Ба таҳқиқи ин қазия шуъбаи ноҳиявии идораи тафтишотии вилояти Ленинград машғул мебошад.