https://sputnik.tj/20210918/vazorati-tandurusti-sokinoni-shahri-dushanbe-vaksina-1042354188.html
Вазорати тандурустӣ: Наздик ба 99 дарсади сокинони шаҳри Душанбе ваксина гирифтанд
Вазорати тандурустӣ: Наздик ба 99 дарсади сокинони шаҳри Душанбе ваксина гирифтанд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кардааст, ки маъракаи ваксиназании сокинон бар зидди бемории COVID-19 дар шаҳри Душанбе 98,9 дарсад иҷро гардидааст
2021-09-18T21:00+0500
2021-09-18T21:00+0500
2021-09-18T21:00+0500
мавҷи сеюми коронавирус дар тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
дар тоҷикистон
душанбе
вазорати тандурустӣ
сокинон
ваксина
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0f/1040915320_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_c6438cae1623bbc57f3d5ced1bb053eb.jpg
ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати тандурустии Тоҷикистон, то санаи 17 сентябри соли равон дар ҳудуди кишвар 2 миллиону 268 ҳазору 602 нафар (38,9%) нафар шаҳрвандон ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси COVID-19 фаро гирифта шуданд.Тибқи иттилои манбаъ, вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида 1 миллиону 480 ҳазору 507 нафар шаҳрвандони мамлакат гирифтаанд.Вазорати тандурустӣ қайд кардааст, ки имрӯзҳо сокинони кишвар бо як масъулияти баланд барои ҳифзи саломатии худ ва наздиконашон ба муассисаҳои тандурустии маҳалли зисти хеш муроҷиат намуда, ваксинаи зидди ин беморӣ мегиранд.Манбаъ ёдрас шудааст, ки тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Тоҷикистон, ки санаи 3 июл ба нашр расид, ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони синни аз 18 сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад.Вазорат бори дигар таъкид доштааст, ки нафароне, ки ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус нагирифтаанд, ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд.Қайд шудааст, ки ваксиназанӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон комилан ройгон аст.
https://sputnik.tj/20210910/olmon-tojikiston-besh-vaksina-khayr-1042187637.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0f/1040915320_240:0:1680:1080_1920x0_80_0_0_127fe7fa8ae62319bc0c445ece8b3af5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, вазорати тандурустӣ, ваксиназанӣ, ваксинагирӣ, сокинон, душанбе, беморӣ, covid-19 , коронавирус,
тоҷикистон, вазорати тандурустӣ, ваксиназанӣ, ваксинагирӣ, сокинон, душанбе, беморӣ, covid-19 , коронавирус,
Вазорати тандурустӣ: Наздик ба 99 дарсади сокинони шаҳри Душанбе ваксина гирифтанд
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кардааст, ки маъракаи ваксиназании сокинон бар зидди бемории COVID-19 дар шаҳри Душанбе 98,9 дарсад иҷро гардидааст
ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати тандурустии Тоҷикистон, то санаи 17 сентябри соли равон дар ҳудуди кишвар 2 миллиону 268 ҳазору 602 нафар (38,9%) нафар шаҳрвандон ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси COVID-19 фаро гирифта шуданд.
Тибқи иттилои манбаъ, вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида 1 миллиону 480 ҳазору 507 нафар шаҳрвандони мамлакат гирифтаанд.
“Маъракаи иммунизатсия миёни аҳолии пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе 98,9% иҷро гардидааст”, - хабар додааст вазорати тандурустӣ.
Вазорати тандурустӣ қайд кардааст, ки имрӯзҳо сокинони кишвар бо як масъулияти баланд барои ҳифзи саломатии худ ва наздиконашон ба муассисаҳои тандурустии маҳалли зисти хеш муроҷиат намуда, ваксинаи зидди ин беморӣ мегиранд.
Манбаъ ёдрас шудааст, ки тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Тоҷикистон, ки санаи 3 июл ба нашр расид, ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони синни аз 18 сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад.
Вазорат бори дигар таъкид доштааст, ки нафароне, ки ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус нагирифтаанд, ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд.
Қайд шудааст, ки ваксиназанӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон комилан ройгон аст.