Кишварҳои СПАД бинобар вазъ дар Афғонистон нирӯҳояшонро тақвият медиҳанд

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкВоенная техника, архивное фото
Военная техника, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.09.2021
Обуна шудан
Дар ҳолати зарурӣ, СПАД метавонад зуд тавонад қувва ва дороиҳои заруриро ҷамъ кунад ва ба таҳдидҳои нав пайдошуда сареъ вокуниш нишон диҳад.
ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) ҳамкориҳои низомию фаннӣ бо Ӯзбекистон ва Туркманистонро рушд медиҳад. Дар ин бора муовини сарвазири Федератсияи Русия Юрий Борисов дар шабакаи телевизионии Россия-1 хабар дод.
Номбурда гуфт, Рустя кумаки низомӣ-фаннӣ мерасонем, ҳамкориҳои низомӣ-фанниро тавсеа медиҳад.
Совместные военные учения в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2021
СААД тамринҳо бузурги низомиро дар марзи Тоҷикистону Афғонистон доир мекунад
Сиёсатмадор афзуд, ки Қазоқистон ва Беларус низ дар таҳкими нерӯ ва васоити Созмон ширкат хоҳанд кард.
Муовини сарвазир гуфт, ки қариб ҳамаи сарони ҳайатҳо дар нишасти СПАД изҳори хоҳиш карданд, ки дар самти ҳамгироӣ ва ҳамоҳангсозии қарорҳо дар рушди маҷмӯаҳои саноатии ҳарбии миллӣ зичтар кор кунанд.
Вай қайд кард, ки кишварҳои СПАД, пеш аз ҳама ба шарофати рушди комплекси ҳарбӣ-саноатии Русия, қодиранд ҳифзи боэътимоди сарҳадро дошта бошанд.
Лентаи хабарҳо
0