Размикори тоҷик Самандар Муродов камарбанди EFC -ро бо китфи латбардошта гирифт

© Eagle FC / InstagramСамандар Муродов
Самандар Муродов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.09.2021
Обуна шудан
Варзишгари тоҷик бо вуҷуди осеб дидани китф рақибашро мағлуб карда, далерии воқеӣ нишон дод
ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Варзишгари тоҷик Самандар Муродов дар мусобиқаи муштараки Fight Nights ва EFC ба хотираи Абдулманап Нурмуҳаммадов ҳунарнамоӣ кард.
Вай бо Максим Шветси русиягӣ мубориза бурд ва дар даври чаҳорум ӯро ноком кард.
Размикори тоҷик дар марҳилаи дуюми рақобат аз китфаш осед бардошт, аммо бо вуҷуди ин ду даври дигар рақобатро идома дода, камарбандро гирифт.
Пас аз мубориза варзишгар футболкае бо аксҳои қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд ва писари ӯ, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати Афғонистон Масъуди хурдӣ пӯшид ва дар суханронии баъд аз ҷанг ба ӯ сабр таманно кард.
Дар охир Муродов ба мухлисон ва хешовандон, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров изҳори сипос кард. Варзишгар ин пирӯзиро ба бародарони калониаш бахшидааст.
Лентаи хабарҳо
0