https://sputnik.tj/20210917/taghyiri-vazorati-zanoni-afghoniston-1042340627.html
Тағйири вазорати занони Афғонистон ба вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункар - акс
Тағйири вазорати занони Афғонистон ба вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункар - акс
Sputnik Тоҷикистон
Гурӯҳи “Толибон”* лавҳаи вазорати умури занонро ба вазорати амр ба маъруф ва наҳӣ аз мункар тағйир доданд
2021-09-17T19:20+0500
2021-09-17T19:20+0500
2021-09-17T19:38+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
афғонистон
толибон
лавҳа
вазорат
тағйир
занон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1a/1041898480_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_c5ce2f5de618b065ad9a1510d297ff76.jpg
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Вазорати умури занон дар бист соли охир ва ҳамзамон бо ишғоли Афғонистон аз сӯи Амрико таъсис шуда буд, дар кабинаи муваққати “Толибон”* ин вазоратхона дигар вуҷуд надорад.Ҳарчанд “Толибон”* мегӯянд, ки чанд вазоратхона ҳанӯз муаррифӣ нашудааст, аммо ба назар намерасад, вазорате ба номи вазоратхонаи занон дар кобинаи “Толибон”* бошад.Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункар аз ҷумла вазоратхонаҳои тозаи таъсисӣ дар ин давра ҳамзамон бо тассалути “Толибон”* ба Афғонистон аст.Ёдовар мешавем, ки рӯзи 6 сентябр Толибон* эълон карданд, ки Панҷшер, охирин вилояти озоди Афғонистон, таҳти назорати онҳо қарор гирифтааст. Рӯзи дигар ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон эълон шуд.Ба ин ҳукумат Муҳаммад Ҳасан Охунд раҳбарӣ мекунад, ки дар замони ҳукмронии аввали Толибон* вазири корҳои хориҷӣ буд ва аз соли 2001 таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.Амирхон Муттақӣ сардори вазорати корҳои хориҷӣ шуд, Муҳаммад Ёқуб вазорати дифоъ ва мулло Ҳаққонӣ вазорати корҳои дохилиро раҳбарӣ кард. Ҳамаи онҳо узви ҷунбиши Толибон* буда, аз ҷиҳати этникӣ ба иттиҳодияҳои қабилавии паштунҳои Дурронӣ ва Гилзай тааллуқ доранд.*ҳаракати террористӣ дар Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо мамнӯъ аст.
https://sputnik.tj/20210917/bozkushoi-maktabho-madrasa-pisaron-afghoniston-1042337994.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1a/1041898480_187:0:2918:2048_1920x0_80_0_0_7e12fe6f7cc44e8dd17f5f2bc7cfbed5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, занон, вазорат, тағйир, лавҳа, толибон
афғонистон, занон, вазорат, тағйир, лавҳа, толибон
Тағйири вазорати занони Афғонистон ба вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункар - акс
19:20 17.09.2021 (Навсозишуда: 19:38 17.09.2021) Гурӯҳи “Толибон”* лавҳаи вазорати умури занонро ба вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункар тағйир доданд
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Вазорати умури занон дар бист соли охир ва ҳамзамон бо ишғоли Афғонистон аз сӯи Амрико таъсис шуда буд, дар кабинаи муваққати “Толибон”* ин вазоратхона дигар вуҷуд надорад.
Ҳарчанд “Толибон”* мегӯянд, ки чанд вазоратхона ҳанӯз муаррифӣ нашудааст, аммо ба назар намерасад, вазорате ба номи вазоратхонаи занон дар кобинаи “Толибон”* бошад.
Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункар аз ҷумла вазоратхонаҳои тозаи таъсисӣ дар ин давра ҳамзамон бо тассалути “Толибон”* ба Афғонистон аст.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 6 сентябр Толибон* эълон карданд, ки Панҷшер, охирин вилояти озоди Афғонистон, таҳти назорати онҳо қарор гирифтааст. Рӯзи дигар ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон эълон шуд.
Ба ин ҳукумат Муҳаммад Ҳасан Охунд раҳбарӣ мекунад, ки дар замони ҳукмронии аввали Толибон* вазири корҳои хориҷӣ буд ва аз соли 2001 таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
Амирхон Муттақӣ сардори вазорати корҳои хориҷӣ шуд, Муҳаммад Ёқуб вазорати дифоъ ва мулло Ҳаққонӣ вазорати корҳои дохилиро раҳбарӣ кард. Ҳамаи онҳо узви ҷунбиши Толибон* буда, аз ҷиҳати этникӣ ба иттиҳодияҳои қабилавии паштунҳои Дурронӣ ва Гилзай тааллуқ доранд.
*ҳаракати террористӣ дар Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо мамнӯъ аст.