https://sputnik.tj/20210917/rais-palata-savdo-rusiya-sughd-1042323309.html
Раиси Палатаи савдо ва саноати Русия Суғд омад
Раиси Палатаи савдо ва саноати Русия Суғд омад
Sputnik Тоҷикистон
Сергей Катирин бо ҳамтоёни тоҷикаш барои роҳандозии ҳамкорӣ байни соҳибкорони ду кишвар мулоқотҳо анҷом медиҳад
2021-09-17T10:38+0500
2021-09-17T10:38+0500
2021-09-17T12:00+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
суғд
ҳамкорӣ
тиҷорат
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/11/1042322385_0:0:1281:721_1920x0_80_0_0_8abbc5eadd99a845981c9c47147a910d.jpg
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Раиси Палатаи савдо ва саноати Русия Сергей Катирин бо як сафари корӣ ба вилояти Суғд омад, хабар медиҳад дафтари матбуотии ҳукумати вилоят. Дар фурудгоҳи Хуҷанд ӯро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода пешвоз гирифт.Катирин ва Аҳмадзода аллакай бо намояндаҳои дар шаҳри Гулистон бо намояндагоне аз доираҳои соҳибкорӣ мулоқот кардаанд. Роҳбари Суғд таъкид кардааст, ки ташкили чунин вохӯриҳо, сафари мутақобилаи ҳайатҳо ва иштирок дар ярмаркаҳои тиҷоратию саноатӣ ба таҳкими робитаҳои минтақаӣ мусоидат хоҳанд кард.Ӯ гуфт, вилояти Суғд, ки бо номи "водии имконот" маъруф аст, бо ҳашт минтақаи Федератсияи Русия, аз ҷумла Оренбург, Саратов, Астрахан, Иваново, Свердловск, Нижний Новгород, Олтой ва Доғистон созишномаҳои тафоҳум ва ҳамкорӣ дорад.Илова бар ин бахши Палатаи савдо ва саноат дар вилояти Суғд бо Палатаҳои савдо ва саноати 21 минтақаи Федератсияи Русия созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонид.Дар зимни дидор сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Суғд Шарифҷон Аҳмадов, сардори Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетск Анатолий Голтсов, мудири "Fortuna Co" Муъмин Умаров, роҳбари "Гурӯҳи захираҳо" Ренат Шигапов, роҳбари Анҷумани рушди сайёҳии Зарафшон Ҷамшед Юсупов ва дигарон ширкат карданд.Дар назар аст, роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати Русия ва соҳибкорони тоҷик мулоқотҳои муҳими корӣ баргузор карда, ҳамзамон аз корхонаҳои саноатии Суғд ва аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ дидан кунанд.
https://sputnik.tj/20210915/afzoishi-gardishi-kolo-tojikistonu-rusiya-1042281460.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/11/1042322385_8:0:1145:853_1920x0_80_0_0_d4ea1c81109586033e7e978673fe0fe6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сергей катирин палатаи савдо русия суғд
сергей катирин палатаи савдо русия суғд
Раиси Палатаи савдо ва саноати Русия Суғд омад
10:38 17.09.2021 (Навсозишуда: 12:00 17.09.2021) Сергей Катирин барои роҳандозии ҳамкорӣ байни соҳибкорони ду кишвар бо ҳамтоёнаш дар Тоҷикистон мулоқот мекунад
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Раиси Палатаи савдо ва саноати Русия Сергей Катирин бо як сафари корӣ ба вилояти Суғд омад, хабар медиҳад дафтари матбуотии ҳукумати вилоят.
Дар фурудгоҳи Хуҷанд ӯро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода пешвоз гирифт.
Катирин ва Аҳмадзода аллакай бо намояндаҳои дар шаҳри Гулистон бо намояндагоне аз доираҳои соҳибкорӣ мулоқот кардаанд.
Роҳбари Суғд таъкид кардааст, ки ташкили чунин вохӯриҳо, сафари мутақобилаи ҳайатҳо ва иштирок дар ярмаркаҳои тиҷоратию саноатӣ ба таҳкими робитаҳои минтақаӣ мусоидат хоҳанд кард.
Ӯ гуфт, вилояти Суғд, ки бо номи "водии имконот" маъруф аст, бо ҳашт минтақаи Федератсияи Русия, аз ҷумла Оренбург, Саратов, Астрахан, Иваново, Свердловск, Нижний Новгород, Олтой ва Доғистон созишномаҳои тафоҳум ва ҳамкорӣ дорад.
Илова бар ин бахши Палатаи савдо ва саноат дар вилояти Суғд бо Палатаҳои савдо ва саноати 21 минтақаи Федератсияи Русия созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонид.
Дар зимни дидор сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Суғд Шарифҷон Аҳмадов, сардори Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетск Анатолий Голтсов, мудири "Fortuna Co" Муъмин Умаров, роҳбари "Гурӯҳи захираҳо" Ренат Шигапов, роҳбари Анҷумани рушди сайёҳии Зарафшон Ҷамшед Юсупов ва дигарон ширкат карданд.
Дар назар аст, роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати Русия ва соҳибкорони тоҷик мулоқотҳои муҳими корӣ баргузор карда, ҳамзамон аз корхонаҳои саноатии Суғд ва аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ дидан кунанд.