Раҳмон: Системаи амнияти ҷаҳонӣ гирифтори буҳрон аст

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2021
Обуна шудан
Раҳбари Тоҷикистон вазъи ҷаҳонро арзёбӣ карда, аз хатарҳое ёдовар шуд, ки кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳойро таҳдид мекунанд
ДУШАНБЕ, 17 сен – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ ба мавзӯи амният дар минтақа ва ҷаҳон дахл кард.
Раҳбари Тоҷикистон гуфт, ки буҳрони шадиде дар низоми амният ва эътимоди байналмилалӣ ба вуҷуд омадааст.

"Терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, ҷудоихоҳӣ, ҷинояткории созмонёфтаи фаромарзӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, киберҷиноятҳо чун таҳдидҳои асосӣ ба амният дар фазои СҲШ боқӣ мемонанд", - гуфт Раҳмон.

Президенти ҷумҳурӣ гуфт, ки барои пешгирии таҳдидҳо аз Афғонистон бояд тадобири мушаххас андешида шаванд.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2021
Раҳмон: СААД марзҳои ҷанубии Тоҷикистонро тақвият медиҳад
Барои ин ӯ пешниҳод кард, ки аз захираҳои Маркази зиддитеррористии СҲШ истифода шавад.
Лентаи хабарҳо
0