Меҳмони фахрии Эмомалӣ Раҳмон - президенти Туркманистон вориди Душанбе шуд

© котиботи матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2021
Обуна шудан
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба ҳайси меҳмони фахрии Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти СҲШ ширкат хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо сафари корӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шуд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ӯро сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол намуданд.
Раҳбари Туркманистон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой, ки ба 20-умин солгарди таъсиси СҲШ бахшида шудааст, ҳамчун меҳмони фахрӣ иштирок мекунад.
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро раҳбари ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон зимни сафараш ба Туркманистон даъват карда буд.
Эмомали Рахмон президент Таджикистана, и Гурбангулы Бердымухамедов президент Туркменистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2021
Натиҷаи мулоқоти Раҳмону Бердимуҳаммадов: 19 санад имзо шуданд - рӯйхат
Бояд гуфт, имсол Созмони Ҳамкории Шонгҳой аз 20 -умин солгарди худ таҷлил мекунад.
Ёдовар мешавем, ки феълан ба СҲШ Қазоқистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Чин, Русия, Покистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дохиланд. Эрон, Беларус, Муғулистон ва Афғонистон дар ин созмон мақоми нозирро доранд. Аммо Туркманистон аксари вақт дар вохӯриҳои сатҳи олӣ фаъолона иштирок мекунад.
Аввали моҳи август Эмомалӣ Раҳмон дар Туркманистон буд. Миёни президентҳои ду кишвар гуфтушунид сурат гирифт ва Раҳмон дар нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Туркманбошӣ ширкату суханронӣ кард.
Лентаи хабарҳо
0