Баррасии бунёди роҳи оҳани Панҷакент-Самарқанд миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Суғд

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкСтроительство спецморнефтепорта в бухте Козьмино
Строительство спецморнефтепорта в бухте Козьмино - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2021
Обуна шудан
Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Панҷакент масъалаи бунёди роҳи оҳани Панҷакент-Самарқандро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Ахиран дар мақомоти шаҳри Панҷакент масъалаи бунёди қитъаи роҳи оҳани “Панҷакент (Тоҷикистон) — истгоҳи Булунғур (истгоҳи Ҷомбой)-истгоҳи Фабрика (Ӯзбекистон)”муҳокима гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд.
Бино бар иттилои манбаъ, собиқадорони соҳаи роҳу нақлиёт, мутахассисон ва дигар шахсони масъул аз мавҷуд будани ҳуҷҷатгузориҳо барои сохтмони роҳи оҳани Самарқанд-Панҷакент, ҷудо гардидани замин барои бунёди пойгоҳи роҳи оҳан дар ҳудуди ноҳияи Ҷомбойи Ӯзбекистон дар давраи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ёдовар шуда, ба мутахассисону масъулин барои тезонидани кор дар ин самт пешниҳоди худро манзур намуданд.
Бояд қайд кард, ки санаи 7 июни соли равон зимни мулоқоти масъулини Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон лоиҳаи сохтмони қитъаи роҳи оҳани “Панҷакент (Тоҷикистон) — истгоҳи Булунгур/истгоҳи Ҷамбай/истгоҳи Фабрика (Ӯзбекистон)” муҳокима шуда буд.
Президент Республики Узбекистан Шавкат Мирзиёев принял Премьер-министра Республики Таджикистан Кохира Расулзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2021
Вақт расид: даъвати Мирзиёев барои пурра барқарор кардани алоқаи ҳавоӣ ва роҳи оҳан
Айни замон аз ҳарду ҷониб гуруҳҳои корӣ ташкил карда шуда, ҳуҷҷатгузорӣ барои омода намудани лоиҳаи роҳи оҳан идома дорад.
Тоҷикистону Ӯзбекистон бовар доранд, бо амалӣ шудани ин тарҳҳои иртиботи заминӣ, интиқоли молу коло, равуо ва тиҷорати байни ду кишвар бамаротиб меафзояд. Аз ҷумла, мақомоти ду кишвар ҳадаф доранд доду гирифти маҳсулот аз 350 миллион доллари соли гузаштаро дар ояндаи наздик то ба як миллиард доллар расонанд.
Лентаи хабарҳо
0