17 сентябр дар таърих: Зодрӯзи Шукурҷон Зуҳуров ва Фаррух Қосимов

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 17 сентября
День 17 сентября - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2021
Обуна шудан
Ҳабдаҳуми сентябр дар Украина Рӯзи кормандони мудофиаи гражданӣ ҷашн гирифта мешавад. Ҳамчунин дар ин рӯз дар Амрико Рӯзи Сарқонун аст

Рӯзи 17 сентябр дар ҷаҳон ҷаҳон чӣ рух дод?

Соли 1918 дар Испания клуби футболи "Валенсия" ташкил шуд.
Соли 1941 дар Иттиҳоди Шӯравии собиқ омӯзиши ҳатмии корҳои ҳарбӣ барои ҳамаи шаҳрвандон ҷорӣ карда шуд.
Соли 1991 Латвия, Литва, Эстония, Кореяи Шимолӣ ва Кореяи Ҷанубӣ аъзои СММ шуданд.
Соли 1922 дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия аввалин консерти радиоӣ баргузор шуд. Дар ин рӯз аввалин маротиба калимаҳои "Гӯш кунед! Москва гап мезанад!" садо доданд.

Рӯзи 17 сентябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод?

Соли 2009 дар шаҳри Душанбе конференсияи байналмилалии "Молия барои рушди авиатсия" баргузор гашт.
Соли 2010 Ҳафтаи Олмон дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.
Соли 2013 дар раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ба итмом расидани марҳилаи аввали амалишавии лоиҳаи "Шаҳри бехатар" нишасти матбуотӣ доир шуд.
Соли 2016 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ 76-умин мавсими театрӣ ифтитоҳ ёфт.
День 16 сентября - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2021
16 сентябр дар таърих: Зодрӯзи Низом Қосим ва пирӯзии Боқиев дар Бразилия
Соли 2012 кишвардори Тоҷикистон Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таҳрири нав имзо кард.
Соли 2013 дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон кӯдакистони президентӣ барои кӯдакони болаёқат ба истифода дода шуд.
Соли 2015 бо иштироки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бӯстонсарои шаҳрии ҳукумати кишвар Конференсияи байналмилалӣ бахшида ба 20-солагии таъсиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи "Адолати суди конститутсионӣ- кафолати таъмини волоияти Конститутсия" баргузор гашт.

Ҷашнҳои рӯзи 17 сентябр

Дар Ангола – Рӯзи қаҳрамонон.
Дар Украина – Рӯзи кормандони мудофиаи гражданӣ.
Дар ИМА – Рӯзи Конститутсия.

Дар рӯзи 17 сентябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст?

Солҳои (1912-2001) Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Георгий Менглет.
Соли 1938 Ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистон Мустафоқул Муртазоев.
Соли 1948 Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи ба номи А. Рӯдакӣ Фаррух Қосимов.
Соли 1954 раиси собиқи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров.
Соли 1956 Нависанда Тулқин Хоҷа.
Соли 1957 рӯзноманигор Шукрисоҳиб Раҳматуллоев.
Соли 1958 оҳангсоз Ворис Абдураҳмонов.
Лентаи хабарҳо
0