https://sputnik.tj/20210916/rahmon-siyosat-iqtisod-afghoniston-barrasi-1042310979.html
Раҳмон бо вазири Ҳинд вазъи Афғонистонро баррасӣ кард
Раҳмон бо вазири Ҳинд вазъи Афғонистонро баррасӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Масоили иқтисоду сиёсат, мубориза бо терроризм ва Афғонистон аз мавзуоти калидии мулоқоти президенти Тоҷикистон бо вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон будааст
2021-09-16T17:41+0500
2021-09-16T17:41+0500
2021-09-16T17:42+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
эмомалӣ раҳмон
ҳиндустон
мулоқот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042310139_0:212:2047:1363_1920x0_80_0_0_1db31c37217037add004b41dbb993f51.jpg
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Субрахманиям Ҷайшанкар, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот кард, хабар додааст котиботи президент.Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Ҳиндустон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, энергетика, сармоягузорӣ, низомӣ ва дигар арсаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.Президенти Тоҷикистон аз сатҳи тамосҳои сиёсии кишварҳо ва эътимоди мутақобили ду давлати бо ҳам дӯст изҳори қаноатмандӣ кардааст.Дар мулоқот тақвияти ҳамкории дуҷониба дар самти мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккилона, муҳокима гардааст.Ҳар ду ҷониб вобаста ба амнияту суботи минтақа ва вазъи нигаронкунандаи сиёсиву низомии Афғонистон табодули афкор карданд, афзудааст манбаъ.Дар мулоқот таъкид шудааст, ки Тоҷикистон ҷонибдори ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳу оромӣ дар ин кишвари ҳамсояи наздиктарин, дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанги худ мебошад.
https://sputnik.tj/20210916/rahmon-pashinyan-hamkori-dushanbe-erevan-1042286738.html
ҳиндустон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042310139_119:0:1936:1363_1920x0_80_0_0_669ac543cbf7f3459e6013efee9c4d45.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон ҳиндустон тоҷикистон афғонистон
раҳмон ҳиндустон тоҷикистон афғонистон
Раҳмон бо вазири Ҳинд вазъи Афғонистонро баррасӣ кард
17:41 16.09.2021 (Навсозишуда: 17:42 16.09.2021) Масоили иқтисоду сиёсат, мубориза бо терроризм ва Афғонистон аз мавзуоти калидии мулоқоти президенти Тоҷикистон бо вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон будааст
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Субрахманиям Ҷайшанкар, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот кард, хабар додааст котиботи президент.
Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Ҳиндустон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, энергетика, сармоягузорӣ, низомӣ ва дигар арсаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти Тоҷикистон аз сатҳи тамосҳои сиёсии кишварҳо ва эътимоди мутақобили ду давлати бо ҳам дӯст изҳори қаноатмандӣ кардааст.
Дар мулоқот тақвияти ҳамкории дуҷониба дар самти мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккилона, муҳокима гардааст.
Ҳар ду ҷониб вобаста ба амнияту суботи минтақа ва вазъи нигаронкунандаи сиёсиву низомии Афғонистон табодули афкор карданд, афзудааст манбаъ.
Дар мулоқот таъкид шудааст, ки Тоҷикистон ҷонибдори ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳу оромӣ дар ин кишвари ҳамсояи наздиктарин, дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанги худ мебошад.