https://sputnik.tj/20210916/hushdori-maqomoti-tojikiston-muhojiron-huzur-rusiya-rasmi-1042303511.html
Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон ба муҳоҷирон: Ҳузуратонро дар Русия то 30 сентябр расмӣ кунед
Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон ба муҳоҷирон: Ҳузуратонро дар Русия то 30 сентябр расмӣ кунед
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон бори дигар аз муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки дар қаламрави Русия кору зиндагӣ мекунанд, хоҳиш намудааст, ки ҳузурашонро дар ин кишвар то 30 сентябр қонунӣ кунанд, то ки аз Русия ихроҷ нашаванд
2021-09-16T16:10+0500
2021-09-16T16:10+0500
2021-09-16T16:10+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
расмӣ
муҳоҷирони корӣ
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102392/20/1023922015_0:0:3051:1717_1920x0_80_0_0_0139259c3d10187078c1390ce7f53337.jpg
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират дар як изҳороте таъкид доштааст, ки имрӯзҳо ҷараёни расмикунонии муҳоҷирони меҳнатӣ барои иқомат ва иҷозати фаъолияти меҳнатӣ дар Русия идома дорад.Манбаъ таъкид доштааст, ки расмикунонӣ дар қаламрави Русия то санаи 30 сентябри соли равон идома меёбад.“Муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар давраи пандемияи натавонистанд фаъолияти худро расман ба қайд бигиранд ва натавонистанд, ки маблағи муайяншуда барои ҳақи иҷозати фаъолияти меҳнатиро пардохт намоянд, тибқи санади мазкур то санаи 30 сентябри соли 2021 метавонанд ба шуъбаҳои кор бо муҳоҷиратии ноҳиявии худ муроҷиат намуда, расман худро ба қайд гирифта, дубораи ба мақомотҳои марбутаи иҷозатномадиҳии фаъолияти корӣ муроҷиат намоянд” – таъкид доштааст манбаъ.Ҳамзамон, гуфта шудааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ, ки солҳои тулонӣ фаъолияти худро расман ба қайд нагирифтаанд, ҳамчунин имкон доранд ба шуъбаҳои муҳоҷиратии ноҳияи худ муроҷиат намуда, баъд аз ҷаримаи муайншудаи мақомоти давлатӣ расман худро ба қайд бигиранд.Ёдрас мешавем, ки тибқи фармони Президенти Русия “Дар бораи чораҳои мувақатӣ барои танзими вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Русия дар давраи рафъи оқибатҳои паҳншавии сирояти нави коронавирус (COVID-19)” муҳлати будубош ва расмикунонӣ дар Русия то санаи 30 сентябри соли 2021 эътибор дорад.Пас аз 30 сентябри соли равон шаҳрвандоне, ки расман ба қайд гирифта нашудаанд аз кишвари иқомат ихроҷ карда мешавад.Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия таъкид карданд, ки дар ҳолати пайдо гардидани мушкилӣ барои расмикунонӣ дар давлати иқомат муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд ба намояндагиҳои вазорати меҳнат дар минтақаҳои гуногуни Русия муроҷиат намоянд.
https://sputnik.tj/20210910/muhojiron-shikoyat-bozdidi-diplomathoi-tojik-bozdoshtgohi-maskav-1042178872.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102392/20/1023922015_320:0:3051:2048_1920x0_80_0_0_8a802c73b276211481e6280736ac2958.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, муҳоҷират, расмӣ, ҳузур, русия, ихроҷ
тоҷикистон, муҳоҷират, расмӣ, ҳузур, русия, ихроҷ
Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон ба муҳоҷирон: Ҳузуратонро дар Русия то 30 сентябр расмӣ кунед
Мақомоти Тоҷикистон бори дигар аз муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки дар қаламрави Русия кору зиндагӣ мекунанд, хоҳиш намудааст, ки ҳузурашонро дар ин кишвар то 30 сентябр қонунӣ кунанд, то ки аз Русия ихроҷ нашаванд
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират дар як изҳороте таъкид доштааст, ки имрӯзҳо ҷараёни расмикунонии муҳоҷирони меҳнатӣ барои иқомат ва иҷозати фаъолияти меҳнатӣ дар Русия идома дорад.
Манбаъ таъкид доштааст, ки расмикунонӣ дар қаламрави Русия то санаи 30 сентябри соли равон идома меёбад.
“Муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар давраи пандемияи натавонистанд фаъолияти худро расман ба қайд бигиранд ва натавонистанд, ки маблағи муайяншуда барои ҳақи иҷозати фаъолияти меҳнатиро пардохт намоянд, тибқи санади мазкур то санаи 30 сентябри соли 2021 метавонанд ба шуъбаҳои кор бо муҳоҷиратии ноҳиявии худ муроҷиат намуда, расман худро ба қайд гирифта, дубораи ба мақомотҳои марбутаи иҷозатномадиҳии фаъолияти корӣ муроҷиат намоянд” – таъкид доштааст манбаъ.
Ҳамзамон, гуфта шудааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ, ки солҳои тулонӣ фаъолияти худро расман ба қайд нагирифтаанд, ҳамчунин имкон доранд ба шуъбаҳои муҳоҷиратии ноҳияи худ муроҷиат намуда, баъд аз ҷаримаи муайншудаи мақомоти давлатӣ расман худро ба қайд бигиранд.
Ёдрас мешавем, ки тибқи фармони Президенти Русия “Дар бораи чораҳои мувақатӣ барои танзими вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Русия дар давраи рафъи оқибатҳои паҳншавии сирояти нави коронавирус (COVID-19)” муҳлати будубош ва расмикунонӣ дар Русия то санаи 30 сентябри соли 2021 эътибор дорад.
Пас аз 30 сентябри соли равон шаҳрвандоне, ки расман ба қайд гирифта нашудаанд аз кишвари иқомат ихроҷ карда мешавад.
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия таъкид карданд, ки дар ҳолати пайдо гардидани мушкилӣ барои расмикунонӣ дар давлати иқомат муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд ба намояндагиҳои вазорати меҳнат дар минтақаҳои гуногуни Русия муроҷиат намоянд.