Зас: Вазъи мураккаб дар марз боқӣ мемонад

© Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкГоры на границе Таджикистана и Афганистана
Горы на границе Таджикистана и Афганистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2021
Обуна шудан
Дар пайи нооромиҳо дар наздикии марзи кишварҳои узви СААД вазъи мураккаб боқӣ хоҳад монд
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Вазъ дар марзи кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, ки дар ҳамсоягии Афғонистон қарор доранд, мураккаб аст. Ин нуктаро Станислав Зас, дабири куллии СААД дар суҳбат бо хабарнигорон дар Душанбе баён доштааст.
"Вазъият дар наздикиҳои марзи кишварҳои СААД амалан мураккаб боқӣ мемонад", - таъкид кардаст ӯ.
Изҳороти дабири СААД дар пайи ҷаласаи муштараки вазирони мудофиа ва корҳои хориҷии кишварҳои узви созмон дар Душанбе садо дод.
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2021
Шарҳи Лавров дар бораи вазъи муҳоҷирони Афғонистон
Аз мавзуъҳои марказии мулоқотҳо дар Душанбе масоили марбути Афғонистон мебошанд. Нигарониҳои СААД баъди он афзоиш ёфтаанд, ки қудрат дар Афғонистон ба дасти созмони террористии мамнӯъ - "Толибон"* гузашт.
Мақомдорони кишварҳои узви СААД созиш кардаанд, ки чораҳои муштарак барои бартарафсозии таҳдидҳо аз Афғонистонро такмил медиҳанд.
Зас мегӯяд, дар сурати ташдиди вазъ дар марзҳои ҷанубии Тоҷикистон барои кишвар тамоми кумакҳо, аз низомӣ то дипломатӣ ироа хоҳад шуд.
Созмони террористии "Толибон"* 15 август вориди Кобул шуда, аввали моҳи сентябр эълон кард, ки Панҷшер, ягона вилояти берун аз тасаллути ҷангиёнро низ зери итоати худ даровард. Аммо Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон мегӯяд, таслими "Толибон"* нашуда, мубориза барои озодию адолат дар ин кишварро идома хоҳад дод.
* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0