https://sputnik.tj/20210915/saad-gurezaho-afghonu-poygohhoi-ima-joy-1042280590.html
Кишварҳои СААД гуфтаанд, паноҳандаҳои афғонистонӣ ва пойгоҳҳои ИМА-ро намепазиранд
Кишварҳои СААД гуфтаанд, паноҳандаҳои афғонистонӣ ва пойгоҳҳои ИМА-ро намепазиранд
Sputnik Тоҷикистон
Намояндагони кишварҳои СААД изҳор доштанд, ки гурезҳои афғон ва пойгоҳҳои низомии ИМА - ро дар қаламравашон ҷой намедиҳанд
2021-09-15T20:20+0500
2021-09-15T20:20+0500
2021-09-15T20:20+0500
сиёсат
амният ва мудофиа
гуреза
осиёи марказӣ
фирор
саад
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/03/1042045321_0:243:2592:1701_1920x0_80_0_0_690801eb149d7a64516cd1ca1955110f.jpg
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Кишварҳои узви СААД алайҳи ҷой додани паноҳҷӯёни афғонистонӣ ва пойгоҳҳои ИМА изҳорот доданд. "Кишварҳои узви СААД мухолифи дар қаламрави худ ҷой додани иншооти таъйиноти низомии ИМА ва дигар кишварҳои узви НАТО мебошанд", - изҳор доштанд намояндагони ин кишварҳо. Ҳамчунин кишварҳои узв аз қабули фирориёне Афғонистон, ки дар гузашта бо ИМА ҳамкорӣ мекарданд, худдорӣ карданд. Аммо ин маҳдудият ба афғонистониҳои ниёзманди кумакҳои фаврии башардӯстона рабте надорад. Ҳамоиши вазирони мудофиа ва корҳои хориҷии кишварҳои узви СААД 15 сентябр дар Душанбе баргузор шуд. Дар ин нишаст баррасии вазъи Афғонистон аз мавзуъҳои аслӣ буд. Кишварҳои узви СААД бо нашри як изҳорот зарур донистаанд, ки ҳар хатари бархоста аз қаламрави Афғонистон ҷилавгирӣ шавад. Инчунин ба азми қотеъ барои истифода аз имконоти созмон дар таъмини амнияти кишварҳои узв таъкид шудааст дар изҳорот.Дар зимн СААД тайи ин изҳороташ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кардааст, ки кумакҳои башардӯстонаро ба ҷомеаи Афғонистон афзоиш диҳанд.СААД омодагиашро барои кумак ба Афғонистон дар масъалаи таъмини сулҳу субот ва рушди кишвари озод аз терроризму маводи мухаддир баён доштааст.Дар изҳорот таъкид шудааст, ки кишварҳои узви созмон омодаанд, талошҳои ҷомеаи ҷаҳониро барои эътидоли вазъ дар Афғонистон зери назару ҳамоҳангии СММ дастгирӣ намоянд.
https://sputnik.tj/20210915/qori-fasehuddin-muqovimatgaron-sarkub-jangi-dokhili-1042277535.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/03/1042045321_0:0:2592:1944_1920x0_80_0_0_46d8ffe5f26294d710562319818f905b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
саад, кишвар, има, афғон, пойгоҳ, гуреза
саад, кишвар, има, афғон, пойгоҳ, гуреза
Кишварҳои СААД гуфтаанд, паноҳандаҳои афғонистонӣ ва пойгоҳҳои ИМА-ро намепазиранд
Намояндагони кишварҳои СААД изҳор доштанд, ки паноҳандаҳои афғонистонӣ ва пойгоҳҳои низомии ИМА-ро дар қаламравашон ҷой намедиҳанд
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Кишварҳои узви СААД алайҳи ҷой додани паноҳҷӯёни афғонистонӣ ва пойгоҳҳои ИМА изҳорот доданд.
"Кишварҳои узви СААД мухолифи дар қаламрави худ ҷой додани иншооти таъйиноти низомии ИМА ва дигар кишварҳои узви НАТО мебошанд", - изҳор доштанд намояндагони ин кишварҳо.
Ҳамчунин кишварҳои узв аз қабули фирориёне Афғонистон, ки дар гузашта бо ИМА ҳамкорӣ мекарданд, худдорӣ карданд. Аммо ин маҳдудият ба афғонистониҳои ниёзманди кумакҳои фаврии башардӯстона рабте надорад.
Ҳамоиши вазирони мудофиа ва корҳои хориҷии кишварҳои узви СААД 15 сентябр дар Душанбе баргузор шуд. Дар ин нишаст баррасии вазъи Афғонистон аз мавзуъҳои аслӣ буд.
Кишварҳои узви СААД бо нашри як изҳорот зарур донистаанд, ки ҳар хатари бархоста аз қаламрави Афғонистон ҷилавгирӣ шавад. Инчунин ба азми қотеъ барои истифода аз имконоти созмон дар таъмини амнияти кишварҳои узв таъкид шудааст дар изҳорот.
Дар зимн СААД тайи ин изҳороташ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кардааст, ки кумакҳои башардӯстонаро ба ҷомеаи Афғонистон афзоиш диҳанд.
СААД омодагиашро барои кумак ба Афғонистон дар масъалаи таъмини сулҳу субот ва рушди кишвари озод аз терроризму маводи мухаддир баён доштааст.
Дар изҳорот таъкид шудааст, ки кишварҳои узви созмон омодаанд, талошҳои ҷомеаи ҷаҳониро барои эътидоли вазъ дар Афғонистон зери назару ҳамоҳангии СММ дастгирӣ намоянд.