Роҳандозии телефони боварӣ барои муҳоҷирони тоҷик дар Русия

© Flickr \ Martin CathraeТелефон
Телефон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2021
Обуна шудан
Телефони боварӣ тибқи тартиби муайншуда дар соатҳои корӣ, аз соати 9:00 то 18:00 (ба вақти Маскав) фаъолият мекунад
ДУШАНБЕ, 15 сен - Sputnik. Дар Федератсияи Русия барои муҳоҷирони тоҷик телефони боварӣ фаъол шудааст, хабар медиҳад Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ.
Ба иттилои манбаъ, телефони боварӣ аз ҷониби намояндагии вазорати мазкур дар Русия барои мусоидат ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирони корӣ, саривақт бартараф намудани мушкилоти онҳо, қабули дархости шифоҳӣ, расонидани ёрии ҳуқуқӣ роҳандозӣ шудааст.
Дархости муҳоҷиронро мутахассисони соҳа дар чанд бахш дар рӯзҳои корӣ, аз соати 09:00 то 18:00 (ба вақти Маскав) қабул мекунанд.
Губернатор Московской области Андрей Воробьев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.09.2021
"Коргар даркор, на ҷинояткор": вокуниши роҳбари вилояти Маскав ба куштор дар Сергиев Посад
Манбаъ меафзояд, мутахассисон аз рақами +7(495)9679844 дар ҷиҳати масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи коргарони муҳоҷир, танзими муносибатҳои корӣ, дарёфти ҷойи кори муносиб, баргардонидани маош, шарҳи қонунгузории ин кишвар машварат медиҳанд, ҳамзамон онҳо метавонанд муроҷиати шифоҳии шаҳрвандонро низ қабул менамоянд.
Намояндагии вазорати мазкур аз муҳоҷирони тоҷик дархост намудааст, ки дар сурати пеш омадани мушкил ба шумораи фавқ тамос гиранд.
Лентаи хабарҳо
0