https://sputnik.tj/20210915/raisi-shirkati-sokhtmoni-fireb-niyozmandon-khona-1042270574.html
Боздошти раиси як ширкати сохтмонӣ ба иттиҳоми қаллобӣ дар Душанбе
Боздошти раиси як ширкати сохтмонӣ ба иттиҳоми қаллобӣ дар Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз иттиҳоми қаллобӣ алайҳи роҳбари як ширкати сохтмонӣ дар шаҳри Душанбе хабар дод
2021-09-15T13:20+0500
2021-09-15T13:20+0500
2021-09-15T14:46+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
хона
фиреб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/02/1039905967_0:234:1921:1314_1920x0_80_0_0_7bce2a2331897e23516ddf4befe9e335.jpg
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Як зани 41-солаи сокини ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба идораи милиса арз кардааст, ки мавриди фиреби як масъули ширкати сохтмонӣ қарор гирифтааст. Ба иттилои ВУД, ин зан изҳор доштааст, ки мудири ширкати "Толсохтмон", марди 46-сола моҳи июли соли 2019 аз ӯ 11 ҳазору 600 доллари амрикоӣ гирифтаст.Масъули ширкати сохтмонӣ ваъда додааст, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба ин зан ба ивази 11,6 ҳазор доллараш хонаи истиқоматие ба масоҳати 60 метри мураббаъ медиҳад. "Инчунин, номбурда моҳи июли соли 2019 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо ҳамин роҳ ба боварии зани 46-солаи сокини ҳамин ноҳия даромада, аз ӯ 20 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, 10 ҳазору 500 доллари амрикоиро баргардонида, боқии пул, 9 ҳазору 500 доллари амрикоиро то ҳол барнагардонидааст", - омадааст дар иттилоияи ВУД. Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, ин масъули ширкати сохтмонӣ ба ҷабрдидаҳо на маблағашонро баргардондааст, на хона додааст. ВУД мегӯяд, феълан таҳқиқи ин қазия идома дорад.
https://sputnik.tj/20210901/pul-giriftu-bmw-qallob-zimni-haridufurushi-moshin-1042003350.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/02/1039905967_0:1:1921:1441_1920x0_80_0_0_cd47d032ab6fcbe6b28639bb28bb374b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вуд тоҷикистон, қаллобӣ, иттиҳом, роҳбар, ширкат, фиреб
вуд тоҷикистон, қаллобӣ, иттиҳом, роҳбар, ширкат, фиреб
Боздошти раиси як ширкати сохтмонӣ ба иттиҳоми қаллобӣ дар Душанбе
13:20 15.09.2021 (Навсозишуда: 14:46 15.09.2021) Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти роҳбари як ширкати сохтмонӣ ба иттиҳоми қаллобӣ дар шаҳри Душанбе хабар дод
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Як зани 41-солаи сокини ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба идораи милиса арз кардааст, ки мавриди фиреби як масъули ширкати сохтмонӣ қарор гирифтааст.
Ба иттилои ВУД, ин зан изҳор доштааст, ки мудири ширкати "Толсохтмон", марди 46-сола моҳи июли соли 2019 аз ӯ 11 ҳазору 600 доллари амрикоӣ гирифтаст.
Масъули ширкати сохтмонӣ ваъда додааст, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба ин зан ба ивази 11,6 ҳазор доллараш хонаи истиқоматие ба масоҳати 60 метри мураббаъ медиҳад.
"Инчунин, номбурда моҳи июли соли 2019 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо ҳамин роҳ ба боварии зани 46-солаи сокини ҳамин ноҳия даромада, аз ӯ 20 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, 10 ҳазору 500 доллари амрикоиро баргардонида, боқии пул, 9 ҳазору 500 доллари амрикоиро то ҳол барнагардонидааст", - омадааст дар иттилоияи ВУД.
Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, ин масъули ширкати сохтмонӣ ба ҷабрдидаҳо на маблағашонро баргардондааст, на хона додааст.
ВУД мегӯяд, феълан таҳқиқи ин қазия идома дорад.