https://sputnik.tj/20210915/rahmon-lavrov-shoygu-kozak-vazi-afghonistonu-marz-1042281673.html
Раҳмон бо Лавров, Шойгу ва Козак вазъи Афғонистону ҳимояи марзро баррасӣ кард
Раҳмон бо Лавров, Шойгу ва Козак вазъи Афғонистону ҳимояи марзро баррасӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳайати воломақоми Русияро, ки феълан дар Душанбе қарор доранд, ба ҳузур пазируфт
2021-09-15T19:00+0500
2021-09-15T19:00+0500
2022-01-24T13:41+0500
сиёсат
амният ва мудофиа
эмомалӣ раҳмон
сергей шойгу
раисиҷумҳур
сергей лавров
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/0f/1042281877_35:0:2940:1634_1920x0_80_0_0_efa86dd7776c083e1f678d9917f58311.jpg
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон бо вазирони Русия вазъи Афғонистон ва масъалаи ҳамкории низомиро баррасӣ кард. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ин мулоқот, ки 15 сентябр дар Қасри миллат баргузор шуд, аз ҷониби Русия вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров, вазири мудофиа Сергей Шойгу ва муовини роҳбари маъмурияти Президенти Русия Дмитрий Козак иштирок карданд. Ин дипломату низомиёни баландпояи Русия барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шонгҳой дар Тоҷикистон қарор доранд. Аз ҷониби Тоҷикистон дар баробари Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот, ҳамчунин Саймуъмин Ятимов, раиси КДАМ, Шералӣ Мирзо, вазири мудофиа ва Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷӣ ҳузур доштаанд. Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар мулоқот ҳамаи ҷанбаҳои мубрами ҳамкорӣ, аз ҷумла дар бахшҳои низомӣ ва низомию техникӣ баррасӣ шуданд. Манбаъ таъкид намуд, ки вазъи ҷории низомиву сиёсии Афғонистон аз мавзӯъҳои меҳварии нишаст буд. Инчунин ҷонибҳо масоили нишастҳои сатҳи олии дарпешистодаи СААД ва СҲШ дар шаҳри Душанберо баррасӣ кардаанд. Мулоқотҳои сатҳи олӣ дар Душанбе бо ҳузури роҳбарони кишварҳои минтақа дар 16 - 17 сентябр дар назар аст.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/0f/1042281877_514:0:2693:1634_1920x0_80_0_0_1975b95adfbc749880636db6e2b86ea8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон, шойгу, лавров, мулоқот
раҳмон, шойгу, лавров, мулоқот
Раҳмон бо Лавров, Шойгу ва Козак вазъи Афғонистону ҳимояи марзро баррасӣ кард
19:00 15.09.2021 (Навсозишуда: 13:41 24.01.2022) Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳайати воломақоми Русияро, ки феълан дар Душанбе қарор доранд, ба ҳузур пазируфт
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон бо вазирони Русия вазъи Афғонистон ва масъалаи ҳамкории низомиро баррасӣ кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ин мулоқот, ки 15 сентябр дар Қасри миллат баргузор шуд, аз ҷониби Русия вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров, вазири мудофиа Сергей Шойгу ва муовини роҳбари маъмурияти Президенти Русия Дмитрий Козак иштирок карданд.
Ин дипломату низомиёни баландпояи Русия барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шонгҳой дар Тоҷикистон қарор доранд. Аз ҷониби Тоҷикистон дар баробари Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот, ҳамчунин Саймуъмин Ятимов, раиси КДАМ, Шералӣ Мирзо, вазири мудофиа ва Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷӣ ҳузур доштаанд.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар мулоқот ҳамаи ҷанбаҳои мубрами ҳамкорӣ, аз ҷумла дар бахшҳои низомӣ ва низомию техникӣ баррасӣ шуданд.
Манбаъ таъкид намуд, ки вазъи ҷории низомиву сиёсии Афғонистон аз мавзӯъҳои меҳварии нишаст буд.
"Дар ин зимн дар бораи вазъи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон мубодилаи афкор сурат гирифта, барои пешгирии таҳдиду хатарҳо идомаи робитаҳо дар сатҳҳои гуногун, ҳамчунин таҳкими ҳимояи сарҳадот зарур шумурда шуд", - омадааст дар иттилоия.
Инчунин ҷонибҳо масоили нишастҳои сатҳи олии дарпешистодаи СААД ва СҲШ дар шаҳри Душанберо баррасӣ кардаанд.
Мулоқотҳои сатҳи олӣ дар Душанбе бо ҳузури роҳбарони кишварҳои минтақа дар 16 - 17 сентябр дар назар аст.