https://sputnik.tj/20210915/peskov-kambud-muhojiron-choraandeshi-qonunshi-1042279813.html
Песков аз камбуди муҳоҷирону чораандешӣ алайҳи қонуншиканҳо гуфт
Песков аз камбуди муҳоҷирону чораандешӣ алайҳи қонуншиканҳо гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия, мегӯяд, тадобир алайҳи муҳоҷирати ғайриқонунӣ бояд ба таври доимӣ амалӣ карда шаванд
2021-09-15T18:15+0500
2021-09-15T18:15+0500
2021-09-15T18:15+0500
муҳоҷират
қонун
коргарон
имконпазир
таъмин кардан
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/08/1035116598_0:0:3164:1781_1920x0_80_0_0_255084f4c9f478fd30a43e9c57448dbf.jpg
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Сарфи назар аз камбуди муҳоҷирони корӣ чораандешиҳо алайҳи муҳоҷирати ғайриқонунӣ бояд ба таври доимӣ амалӣ карда шаванд, изҳор дошт котиби матбуоти президенти Русия, Дмитрий Песков. Ӯ таъкид намуд, ки чораҳо алайҳи муҳоҷирони ғайриқонунӣ бояд мунтазам татбиқ гарданд. Ба гуфтаи сухангӯи раисиҷумҳур, таъмини қонуният дар умури муҳоҷират дар авлавият мебошад. Ба суол, ки оё вазъи феълии муҳоҷирати ғайриқонунӣ қарорҳои алоҳида дар сатҳи федералиро талаб мекунанд ва оё раисиҷумҳур дар ин бора дастуре хоҳад дод, Песков гуфт, ки феълан ягон чорае баррасӣ нашуда истодааст ва қабул нагардидааст. "Ин вобаста аст ба вазъи мушаххас дар минтақаи мушаххас, иншооти мушаххас аст ва ин ҳамаро якҷо кардан ба гумон аст, ки имконпазир бошад", - хулоса кард ӯ. Ин дар ҳолест, ки вақтҳои охир бархе ҳолатҳои содир кардани ҷиноят аз сӯи муҳоҷирон дар сархати расонаҳои Русия қарор гирифта, бархе аз дастандаркорон аз кишвар хориҷ карда шуданд.
https://sputnik.tj/20210914/khobgoh-muhojiron-viloyat-maskav-sanjish-1042255037.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/08/1035116598_433:0:3164:2048_1920x0_80_0_0_798fd1b3edfbd72fa5da1480befe90d0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дмитрий песков, муҳоҷират, чораандешӣ, ғайриқонунӣ,
дмитрий песков, муҳоҷират, чораандешӣ, ғайриқонунӣ,
Песков аз камбуди муҳоҷирону чораандешӣ алайҳи қонуншиканҳо гуфт
Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия, мегӯяд, тадобир алайҳи муҳоҷирати ғайриқонунӣ бояд ба таври доимӣ амалӣ карда шаванд
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Сарфи назар аз камбуди муҳоҷирони корӣ чораандешиҳо алайҳи муҳоҷирати ғайриқонунӣ бояд ба таври доимӣ амалӣ карда шаванд, изҳор дошт котиби матбуоти президенти Русия, Дмитрий Песков.
"Шумо медонед, ки норасоии коргарон, камбуди муҳоҷирони меҳнатӣ дар бархе соҳаҳо ба таври шадид эҳсос мешавад ва ин боиси нигаронии кобинаи вазирон шудаст, ки феълан сари ин масъала кор мекунанд", - изҳор дошт сухангӯи раисиҷумҳури Русия.
Ӯ таъкид намуд, ки чораҳо алайҳи муҳоҷирони ғайриқонунӣ бояд мунтазам татбиқ гарданд.
Ба гуфтаи сухангӯи раисиҷумҳур, таъмини қонуният дар умури муҳоҷират дар авлавият мебошад.
Ба суол, ки оё вазъи феълии муҳоҷирати ғайриқонунӣ қарорҳои алоҳида дар сатҳи федералиро талаб мекунанд ва оё раисиҷумҳур дар ин бора дастуре хоҳад дод, Песков гуфт, ки феълан ягон чорае баррасӣ нашуда истодааст ва қабул нагардидааст.
"Ин вобаста аст ба вазъи мушаххас дар минтақаи мушаххас, иншооти мушаххас аст ва ин ҳамаро якҷо кардан ба гумон аст, ки имконпазир бошад", - хулоса кард ӯ.
Ин дар ҳолест, ки вақтҳои охир бархе ҳолатҳои содир кардани ҷиноят аз сӯи муҳоҷирон дар сархати расонаҳои Русия қарор гирифта, бархе аз дастандаркорон аз кишвар хориҷ карда шуданд.