Ҷанги ду чӯпон бар сари як гӯсфанд бо марг анҷомид - видео

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкБаран, архивное фото
Баран, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.09.2021
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҷанҷоли маргбори ду чӯпон барои як гӯсфанд хабар додааст
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Раёсати умури дохилии вилояти Суғд аз боздошти сокини 42-солаи ноҳияи Ашт хабар дод, ки дар марги як чӯпон айбдор мешавад.
Ба гузориши мақомоти умури дохилӣ, ҳодиса дар чарогоҳи деҳаи Даҳана дар заминаи баҳс барои як гусфанд рух додааст.
ВУД мегӯяд, чӯпони 42-сола бо ҳамкори 40-солааш, ки ба мардуми деҳаи Даҳанаи Ашт хидмат мерасондааст, ҷанҷол карда, ба шикамаш бо корд зарба задааст. Ба гузориши ВУД, ҷабрдида дар пайи хунравии зиёд, як соат баъди рух додани ҳодиса ҷон медиҳад.
Тибқи гузориш, асли қазия дар он будааст, ки рамаҳои ин ду чӯпон омехта шудаанд ва марди муттаҳам даъво кардааст, ки аз се моли майда, ки ба рамаи ҳамкораш гузаштаанд, ду сараш баргардонда шуду як сари дигараш не. Ин баҳс бо кордзанӣ миёни ду ҳамкор ва марги яке аз онҳо анҷомидааст.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, феълан чӯпони муттаҳам дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0