https://sputnik.tj/20210914/sobiq-rohbari-khadamoti-makhsusi-isroil-tolibon-tojik-1042261536.html
Суҳбати собиқ мақомдори Исроил: аз хатари толибони тоҷик то русбезорию Лукашенко - видео
Суҳбати собиқ мақомдори Исроил: аз хатари толибони тоҷик то русбезорию Лукашенко - видео
Sputnik Тоҷикистон
Яков Кедми, собиқ роҳбари яке аз хадамоти махсуси Исроил, аз хатари "Толибон"* ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон гуфт
2021-09-14T21:11+0500
2021-09-14T21:11+0500
2021-09-14T21:35+0500
видео
дар ҷаҳон
афғонистон
толибон
панҷшер
суҳбат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/0e/1042260933_22:0:2491:1389_1920x0_80_0_0_500e869784ae0b158a6e3088db0acd7e.jpg
Яков Кедми меҳмони барномаи БИП ("Белые и Пушистые") шуда, дар мавриди мавзӯъҳои мубрами ҷаҳони муосир андешаронӣ намуд. Ӯ аз ҷумла ба суол дар мавриди хатарҳои ғасби Панҷшеру шимоли Афғонистон аз сӯи "Толибон"* бо ҷалби гуруҳҳои террористии дигар, барои Осиёи Марказӣ изҳори назар кард. Кедми бо зикри он, ки аҳолии қисмати шимоли Афғонистонро асосан тоҷикон, ӯзбекҳо, туркманҳо ва дигар миллатҳо ташкил медиҳанд, хатарро барои кишварҳои Осиёи Марказӣ низ воқеӣ хонд. Ӯ гуфт, дар марҳилаи аввал эҳтимоли вуруди Толибони тоҷику ӯзбек ба Осиёи Марказӣ ба шеваи идеологӣ мавҷуд аст. Бартарафсозии ин хатарҳо ба гуфтаи Кедми, аз он вобаста аст, ки то куҷо ҳукуматҳо дар Осиёи Марказӣ устувор хоҳанд буду Русия дар баробари ин хатарҳо истодагарӣ хоҳад кард. Собиқ мақомдори хадамоти махсуси Исроил инчунин назарашро дар мавриди шикасти ИМА дар Афғонистон, аъмоли Александр Лукашенко, раисҷумҳури Белорус ва буҳрони нави муҳоҷират дар Аврупо баён доштааст. Кедми дар ин суҳбат ба суолҳо дар мавриди имкони истихдоми Байден, Пашинян, Зеленский барои хидмат ба хадамоти махсус посух дод. Ӯ аз рӯи акс ва нигоҳи бархе роҳбарон ва чеҳраҳои шинохта хислатҳояшонро тасвир кард. *-созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
афғонистон
панҷшер
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/0e/1042260933_330:0:2182:1389_1920x0_80_0_0_6a5cd9c647d096ea55b6866bdde3d11a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хатар, толибон*, осиёи марказӣ, тоҷикистон
хатар, толибон*, осиёи марказӣ, тоҷикистон
Суҳбати собиқ мақомдори Исроил: аз хатари толибони тоҷик то русбезорию Лукашенко - видео
21:11 14.09.2021 (Навсозишуда: 21:35 14.09.2021) Яков Кедми, собиқ роҳбари яке аз хадамоти махсуси Исроил, аз хатари "Толибон"* ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон гуфт
Яков Кедми меҳмони барномаи БИП ("Белые и Пушистые") шуда, дар мавриди мавзӯъҳои мубрами ҷаҳони муосир андешаронӣ намуд.
Ӯ аз ҷумла ба суол дар мавриди хатарҳои ғасби Панҷшеру шимоли Афғонистон аз сӯи "Толибон"* бо ҷалби гуруҳҳои террористии дигар, барои Осиёи Марказӣ изҳори назар кард.
Кедми бо зикри он, ки аҳолии қисмати шимоли Афғонистонро асосан тоҷикон, ӯзбекҳо, туркманҳо ва дигар миллатҳо ташкил медиҳанд, хатарро барои кишварҳои Осиёи Марказӣ низ воқеӣ хонд.
Ӯ гуфт, дар марҳилаи аввал эҳтимоли вуруди Толибони тоҷику ӯзбек ба Осиёи Марказӣ ба шеваи идеологӣ мавҷуд аст. Бартарафсозии ин хатарҳо ба гуфтаи Кедми, аз он вобаста аст, ки то куҷо ҳукуматҳо дар Осиёи Марказӣ устувор хоҳанд буду Русия дар баробари ин хатарҳо истодагарӣ хоҳад кард.
Собиқ мақомдори хадамоти махсуси Исроил инчунин назарашро дар мавриди шикасти ИМА дар Афғонистон, аъмоли Александр Лукашенко, раисҷумҳури Белорус ва буҳрони нави муҳоҷират дар Аврупо баён доштааст.
Кедми дар ин суҳбат ба суолҳо дар мавриди имкони истихдоми Байден, Пашинян, Зеленский барои хидмат ба хадамоти махсус посух дод. Ӯ аз рӯи акс ва нигоҳи бархе роҳбарон ва чеҳраҳои шинохта хислатҳояшонро тасвир кард.
*-созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар