СҲШ ва СААД дар Душанбе: Кадом роҳҳо баста мешаванд?

Обуна шудан
Сокинони шаҳри Душанберо бинобар баргузории нишастҳои сиёсӣ роҳбандии серӯза интизор аст.
Бозрасии давлатии автомобилӣ бо нашри як эълон хабар дода, ки ҳаракат дар роҳҳо дар рӯзҳои 15-18-уми сентябри маҳдуд хоҳад шуд.
Ба иттилои манбаъ, дар ин рӯзҳо дар Душанбе баргузории ҷаласаҳои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва Созмони Ҳамкории Шанхай дар назар аст.
"Бинобар ин ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбонҳои А.Рӯдакӣ, И.Сомонӣ ва кӯчаҳои Айнӣ - А.Дониш маҳдуд карда мешавад", - афзудааст манбаъ.
БДА аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки дар рӯзҳои баргузории чорабиниҳои мазкур аз кӯчаҳои ҳамшафат истифода намоянд.
Инчунин аз сокинони шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ хоҳиш карда мешавад, ки бидуни зарурат бо воситаҳои нақлиёт ба шаҳри Душанбе ворид нашаванд, дархост кардааст БДА.
Лентаи хабарҳо
0