https://sputnik.tj/20210914/shikoyat-domod-latukub-beasos-khusur-1042248208.html
Шикояти домод аз падарарӯси 68-сола ба милиса: Беасос латукӯб шудам
Шикояти домод аз падарарӯси 68-сола ба милиса: Беасос латукӯб шудам
Sputnik Тоҷикистон
Домод дар ноҳияи Шаҳринав ба идораи милиса аз хусураш шикоят карда, арз доштаст, ки ӯро шадидан кӯфтаст
2021-09-14T13:23+0500
2021-09-14T13:23+0500
2021-09-14T15:49+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
парванда
ҳодиса
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102928/85/1029288599_38:0:1000:541_1920x0_80_0_0_8d5defc7ad87e1cf761974b73b774ca7.jpg
ДУШАНБЕ, 14 сен – Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, домоде дар ноҳияи Шаҳринав иддао дорад, ки хусури 68-солааш ӯро шадидан зери зарбу шатм қарор додааст. Ба иттилои манбаъ, ба идораи милиса дар ноҳияи Шаҳринав марди 46-сола, сокини ҷамоати деҳоти Сабои ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст. Муроҷиаткунанда арз доштааст, ки падарарӯсаш дар дохили хонаи истиқоматиаш, бидуни далеле ӯро задааст. ВУД-и Тоҷикистон дар иттилоияе, ки 14 сентябр нашр кардаст, изҳор медорад, ки ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштааст.Манбаъ таъкид намуд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад. Дар Тоҷикистон бар асоси моддаи 111-и Кодекси ҷиноӣ, барои қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ бо таваҷҷуҳ ба шароиту ангезаҳои содир кардани ҷиноят аз 5 то 15 соли зиндон пешбинӣ шудааст. Қаблан мақомоти умури дохилии Тоҷикистон изҳор доштанд, ки дар кишвар бисёре аз ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла расондани зарари вазнин ба саломатӣ ва ё куштор дар заминаи муноқиша миёни аъзои як оила сурат мегиранд. Мақомот аз шаҳрвандон даъват намуданд, ки мухолифатҳоро дар доираи меъёрҳои инсонию қонун ҳал кунанду аз даст задан ба аъмоли ғайриқонунӣ худдорӣ намоянд.
https://sputnik.tj/20210914/podmoskovie-muhojir-tojik-tajovuz-qatl-nafaqakhur-muttaham-1042247476.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102928/85/1029288599_194:0:915:541_1920x0_80_0_0_0608625de3d0c39d67de24975583429e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шаҳринав, милиса, латукӯб, шадидан, кӯфт
шаҳринав, милиса, латукӯб, шадидан, кӯфт
Шикояти домод аз падарарӯси 68-сола ба милиса: Беасос латукӯб шудам
13:23 14.09.2021 (Навсозишуда: 15:49 14.09.2021) Домоде дар ноҳияи Шаҳринав ба идораи милиса аз падарарусаш шикоят кардааст, ки ӯро шадидан латукӯб намудааст
ДУШАНБЕ, 14 сен – Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, домоде дар ноҳияи Шаҳринав иддао дорад, ки хусури 68-солааш ӯро шадидан зери зарбу шатм қарор додааст.
Ба иттилои манбаъ, ба идораи милиса дар ноҳияи Шаҳринав марди 46-сола, сокини ҷамоати деҳоти Сабои ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст.
Муроҷиаткунанда арз доштааст, ки падарарӯсаш дар дохили хонаи истиқоматиаш, бидуни далеле ӯро задааст.
ВУД-и Тоҷикистон дар иттилоияе, ки 14 сентябр нашр кардаст, изҳор медорад, ки ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштааст.
Манбаъ таъкид намуд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
Дар Тоҷикистон бар асоси моддаи 111-и Кодекси ҷиноӣ, барои қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ бо таваҷҷуҳ ба шароиту ангезаҳои содир кардани ҷиноят аз 5 то 15 соли зиндон пешбинӣ шудааст.
Қаблан мақомоти умури дохилии Тоҷикистон изҳор доштанд, ки дар кишвар бисёре аз ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла расондани зарари вазнин ба саломатӣ ва ё куштор дар заминаи муноқиша миёни аъзои як оила сурат мегиранд. Мақомот аз шаҳрвандон даъват намуданд, ки мухолифатҳоро дар доираи меъёрҳои инсонию қонун ҳал кунанду аз даст задан ба аъмоли ғайриқонунӣ худдорӣ намоянд.