https://sputnik.tj/20210914/maslihat-karzay-tolibon-hukumat-farogir-elon-1042258096.html
Маслиҳати Карзай ба "Толибон"*: Ҳарчи зудтар ҳукумати фарогирро эълон кунед
Маслиҳати Карзай ба "Толибон"*: Ҳарчи зудтар ҳукумати фарогирро эълон кунед
Sputnik Тоҷикистон
Ҳомид Карзай мегӯяд, дар суханронияш, ки бо таҳрики Толибонро* дошт, ду ҷониб ба зарурати таъсиси ҳукумати фарогир таъкид карданд
2021-09-14T18:45+0500
2021-09-14T18:45+0500
2021-09-14T18:49+0500
афғонистон
толибон
ҳамид карзай
ҳукумат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101332/46/1013324644_0:273:1495:1113_1920x0_80_0_0_876477b6312f11be18d48075fe6f9643.jpg
ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Раисиҷумҳури собиқи Афғонистон дар як изҳорот гуфт, ки машварати ӯ ба "Толибон"* ин буд, ки онҳо ба зудӣ як ҳукумати фарогир ташкил кунанд, хабар медиҳад, Sputnik Афғонистон."Ҳукумат ба унвони сарпараст эълон шудааст. Умед ин буд, ки ҳамашумул бошад ва кӯшиш низ ин ҳаст, ки ҳамашумул шавад",- гуфтааст Карзай. Ба гуфтаи Карзай, пас аз эълони ҳукумат ӯ бо раҳбарони "Толибон"* суҳбат дошт ва онон гуфтаанд, ки талошҳо барои ҳамашумул сохтани ҳукумат идома дорад. Раисҷумҳури собиқи Афғонистон мегӯяд, ки то ҳол бо раҳбарони "Толибон"* дар тамос аст, то сулҳ дар Кобул барқарор шавад. Ёдовар мешавем, 7 сентябр "Толибон"* кобинаи муваққатиеро таҳти сарварии Муҳаммад Ҳасани Охунд эълон карданд.Ҳазфи Вазорати умури занон аз ҷониби "Толибон"* ва ҳамашумул набудани ин ҳукумати нав вокунишҳои шадиди дохилию байналмилалиро ба бор овард.Чанд кишвар, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳида гуфтаанд, ки "Толибон"* бинобар амалҳои худ доварӣ хоҳад шуд.Мавриди зикр аст, ки то ҳол ҳеҷ кишвар ҳукумати "Толибон"*-ро эътироф накардааст.* - созмони террористие, ки дар Федератсияи Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо фаъолияти он мамнуъ аст
https://sputnik.tj/20210908/hukumati-pashtunshumul-tolibon-1042121271.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101332/46/1013324644_0:132:1495:1253_1920x0_80_0_0_50be9036c737cf4a6a4bce3331794b55.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
карзай, толибон*, маслиҳат, ҳукумат, фарогир,
карзай, толибон*, маслиҳат, ҳукумат, фарогир,
Маслиҳати Карзай ба "Толибон"*: Ҳарчи зудтар ҳукумати фарогирро эълон кунед
18:45 14.09.2021 (Навсозишуда: 18:49 14.09.2021) Ҳомид Карзай мегӯяд, дар суҳбате, ки бо "Толибон"* дошт, ду ҷониб ба зарурати таъсиси ҳукумати фарогир таъкид кардаанд
ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Раисиҷумҳури собиқи Афғонистон дар як изҳорот гуфт, ки машварати ӯ ба "Толибон"* ин буд, ки онҳо ба зудӣ як ҳукумати фарогир ташкил кунанд, хабар медиҳад, Sputnik Афғонистон.
"Ҳукумат ба унвони сарпараст эълон шудааст. Умед ин буд, ки ҳамашумул бошад ва кӯшиш низ ин ҳаст, ки ҳамашумул шавад",- гуфтааст Карзай.
Ба гуфтаи Карзай, пас аз эълони ҳукумат ӯ бо раҳбарони "Толибон"* суҳбат дошт ва онон гуфтаанд, ки талошҳо барои ҳамашумул сохтани ҳукумат идома дорад.
"Маслиҳати мо ба "Толибон"* ин аст, ки ҳукумат бояд ҳарчи зудтар фарогир бошад ва ҳар қадаре ки тамоми мардуми Афғонистон худро дар он бубинанд, ҳамон қадар вазъ ба эътидол меояд ва ба мардум хидмат мекунад", - таъкид кардааст, Президенти пешини Афғонистон.
Раисҷумҳури собиқи Афғонистон мегӯяд, ки то ҳол бо раҳбарони "Толибон"* дар тамос аст, то сулҳ дар Кобул барқарор шавад.
Ёдовар мешавем, 7 сентябр "Толибон"* кобинаи муваққатиеро таҳти сарварии Муҳаммад Ҳасани Охунд эълон карданд.
Ҳазфи Вазорати умури занон аз ҷониби "Толибон"* ва ҳамашумул набудани ин ҳукумати нав вокунишҳои шадиди дохилию байналмилалиро ба бор овард.
Чанд кишвар, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳида гуфтаанд, ки "Толибон"* бинобар амалҳои худ доварӣ хоҳад шуд.
Мавриди зикр аст, ки то ҳол ҳеҷ кишвар ҳукумати "Толибон"*-ро эътироф накардааст.
* - созмони террористие, ки дар Федератсияи Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо фаъолияти он мамнуъ аст