https://sputnik.tj/20210914/kumak-avrupo-tojikiston-qabuli-firoriyon-afghoniston-1042260644.html
Кумаки Аврупо ба Тоҷикистон барои қабули фирориён аз Афғонистон
Кумаки Аврупо ба Тоҷикистон барои қабули фирориён аз Афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
Мэрилин Йосефсон, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон гуфт, барои қабули фирориёни афғон дар кишвар кумак мекунанд 14.09.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-09-14T20:40+0500
2021-09-14T20:40+0500
2021-09-14T20:40+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
афғонистон
гуреза
фирор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102724/51/1027245186_0:158:3001:1846_1920x0_80_0_0_e259750500f925d29b57bfb018f2e253.jpg
ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Иттиҳоди Аврупо дар посух ба дархости ҳукумати Тоҷикистон барои фирориёни афғон дар кишвар 160 ҳазор евро ҷудо кардааст. Ба иттилои Йосефсон, Иттиҳоди Аврупо ин маблағро барои омодагиҳо ба қабули фирориён аз Афғонистон ва таъминони ниёзи аввали онҳо дар минтақаи марзӣ ҷудо кардааст. Таъкид шудааст, ки кумак аз хаймаҳо, халтаҳои хоб, бастаҳои ғизою тиббӣ ва дигар ашёи ниёзи аввали рӯзгор иборат буда, тариқи Созмони ҳилоли аҳмар дар Тоҷикистон ироа мегардад. Ба иттилои дипломати аврупоӣ, аз ин кумакҳо метавонанд то 5 ҳазор гуреза дар минтақаҳои наздисарҳадии Хатлону Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бархӯрдор шаванд. Йосефсон изҳор доштааст, ки Иттиҳоди Аврупо ҳамкориҳоро бо Ҳукумати Тоҷикистон ва дигар созмонҳои хайриявӣ дар бахши гуманитарӣ идома медиҳад. Дар пасманзари ғасби қудрат аз сӯи "Толибон"* дар Афғонистон теъдоди фирориён аз ин кишвар майли афзоиш дорад. Таъкид мешавад, ки "Толибон"* бархилофи ваъдаҳои қаблияшон барои риояи ҳуқуқи инсон, одитарин ҳаққи мардум, аз қабили таҳсилу корро барои занон риоя намекунанд. *-созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20210914/uzbekiston-tolibon-kumak-bashardustona-firistod-1042259307.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102724/51/1027245186_164:0:2835:2003_1920x0_80_0_0_04c23b9db31d7079ec71859a2bcbbf18.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, иҷтимоъ, афғонистон, гуреза, фирор
дар тоҷикистон, иҷтимоъ, афғонистон, гуреза, фирор
Кумаки Аврупо ба Тоҷикистон барои қабули фирориён аз Афғонистон
Мэрилин Йосефсон, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон гуфт, барои қабули фирориёни афғон дар кишвар кумак мекунанд
ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Иттиҳоди Аврупо дар посух ба дархости ҳукумати Тоҷикистон барои фирориёни афғон дар кишвар 160 ҳазор евро ҷудо кардааст.
Ба иттилои Йосефсон, Иттиҳоди Аврупо ин маблағро барои омодагиҳо ба қабули фирориён аз Афғонистон ва таъминони ниёзи аввали онҳо дар минтақаи марзӣ ҷудо кардааст.
Таъкид шудааст, ки кумак аз хаймаҳо, халтаҳои хоб, бастаҳои ғизою тиббӣ ва дигар ашёи ниёзи аввали рӯзгор иборат буда, тариқи Созмони ҳилоли аҳмар дар Тоҷикистон ироа мегардад.
Ба иттилои дипломати аврупоӣ, аз ин кумакҳо метавонанд то 5 ҳазор гуреза дар минтақаҳои наздисарҳадии Хатлону Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бархӯрдор шаванд.
Йосефсон изҳор доштааст, ки Иттиҳоди Аврупо ҳамкориҳоро бо Ҳукумати Тоҷикистон ва дигар созмонҳои хайриявӣ дар бахши гуманитарӣ идома медиҳад.
Дар пасманзари ғасби қудрат аз сӯи "Толибон"* дар Афғонистон теъдоди фирориён аз ин кишвар майли афзоиш дорад. Таъкид мешавад, ки "Толибон"* бархилофи ваъдаҳои қаблияшон барои риояи ҳуқуқи инсон, одитарин ҳаққи мардум, аз қабили таҳсилу корро барои занон риоя намекунанд.
*-созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар