https://sputnik.tj/20210914/khujand-mariz-koronavirus-1042245421.html
Дар шифохонаи Хуҷанд ҳамагӣ се маризи коронавирус боқӣ мондааст
Дар шифохонаи Хуҷанд ҳамагӣ се маризи коронавирус боқӣ мондааст
Sputnik Тоҷикистон
Дар Беморхонаи касалиҳои сирояткунандаи шаҳри Хуҷанд вазъи коронавирус дар ин вилоятро шарҳ доданд 14.09.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-09-14T11:30+0500
2021-09-14T11:30+0500
2021-09-14T13:33+0500
мавҷи сеюми коронавирус дар тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
дар тоҷикистон
тандурустӣ
хуҷанд
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/13/1039550570_400:0:3600:1800_1920x0_80_0_0_d09861a19331a2057dda1b20a32d5d50.jpg
ДУШАНБЕ, 14 сен – Sputnik. Ин бемористон ҳоло ягона макон барои табобати гирифторони коронавирус дар Хуҷанд, маркази вилояти Суғд ба ҳисоб меравад.Рустамҷон Бӯрибоев, сартабиби ин бемористон дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки шумори беморон хеле кам шудааст.Шифохонаи касалиҳои сирояткунанда ва Бемористони клиникии Суғд ду дармонгоҳи асосӣ дар Хуҷанд барои бистарӣ кардани мубталоёни COVID-19 пешбинӣ шуда буданд. Сокиноне, ки бо оризаҳои шадиди коронавирус ба пизишкон муроҷиат менамоянд, маҳз дар ин ду шифохона бистарӣ мегарданд.Як ҳафта қабл Бемористони клиникии Суғд аз қарантина ба реҷаи маъмулии кор баргашт. Бино ба иттилои манобеъ аз Раёсати тандурустии Суғд, феълан дар вилояти Суғд 36 нафар аз коронавирус табобат мегиранд. Аз ин теъдод 21 нафар дар шуъбаҳои сироятии бемористонҳои марказии шаҳру ноҳияҳо ва 15 нафар дар шароити амбулаторӣ (дар хона) зери муроқибати табибон қарор доранд.Табибон ба таври қобили мулоҳиза поён шудани омори коронавирус дар кишварро ба ваксинзании оммавӣ марбут медонанд.Гулнора Мирсолиева, мудири шуъбаи омори бахши Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика дар вилояти Суғд гуфт, то имрӯз беш аз 31, 5 % ё 544 ҳазору 111 нафар аз коронавирус ваксин гирифтанд, ки аз ин теъдод 306 ҳазору 515 нафар бо вояи дуюм ҳам таъмин гардиданд.
https://sputnik.tj/20210819/covid-virus-mumiyo-aks-1041749729.html
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/13/1039550570_800:0:3200:1800_1920x0_80_0_0_530fd20103ac131e84a332ef3267c743.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, тандурустӣ, хуҷанд, коронавирус
дар тоҷикистон, тандурустӣ, хуҷанд, коронавирус
Дар шифохонаи Хуҷанд ҳамагӣ се маризи коронавирус боқӣ мондааст
11:30 14.09.2021 (Навсозишуда: 13:33 14.09.2021) Дар Беморхонаи касалиҳои сирояткунандаи шаҳри Хуҷанд вазъи коронавирус дар ин вилоятро шарҳ доданд
ДУШАНБЕ, 14 сен – Sputnik. Ин бемористон ҳоло ягона макон барои табобати гирифторони коронавирус дар Хуҷанд, маркази вилояти Суғд ба ҳисоб меравад.
Рустамҷон Бӯрибоев, сартабиби ин бемористон дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки шумори беморон хеле кам шудааст.
"Дар ҳоли ҳозир се нафар бистарӣ ҳастанд. Инҳо ду мард ва як зан буда, вазъи саломатиашон муътадил арзёбӣ мешавад. Рӯзҳои наздик онҳо рухсат хоҳанд шуд", - гуфт сартабиб.
Шифохонаи касалиҳои сирояткунанда ва Бемористони клиникии Суғд ду дармонгоҳи асосӣ дар Хуҷанд барои бистарӣ кардани мубталоёни COVID-19 пешбинӣ шуда буданд.
Сокиноне, ки бо оризаҳои шадиди коронавирус ба пизишкон муроҷиат менамоянд, маҳз дар ин ду шифохона бистарӣ мегарданд.
Як ҳафта қабл Бемористони клиникии Суғд аз қарантина ба реҷаи маъмулии кор баргашт. Бино ба иттилои манобеъ аз Раёсати тандурустии Суғд, феълан дар вилояти Суғд 36 нафар аз коронавирус табобат мегиранд. Аз ин теъдод 21 нафар дар шуъбаҳои сироятии бемористонҳои марказии шаҳру ноҳияҳо ва 15 нафар дар шароити амбулаторӣ (дар хона) зери муроқибати табибон қарор доранд.
Табибон ба таври қобили мулоҳиза поён шудани омори коронавирус дар кишварро ба ваксинзании оммавӣ марбут медонанд.
Гулнора Мирсолиева, мудири шуъбаи омори бахши Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика дар вилояти Суғд гуфт, то имрӯз беш аз 31, 5 % ё 544 ҳазору 111 нафар аз коронавирус ваксин гирифтанд, ки аз ин теъдод 306 ҳазору 515 нафар бо вояи дуюм ҳам таъмин гардиданд.