Латукӯби як марди марди 29-сола аз тарафи ҳамсояаш дар Восеъ

© Sputnik / Табылды КадырбековДрака
Драка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2021
Обуна шудан
Сокини 29-солаи ноҳияи Восеъ аз ҷароҳатҳое, ки ҳамсояи 34-солааш ба ӯ расонда буд, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Кормандони милиса дар ноҳияи Восеъ аз ҳодисаи куштор хабар медиҳанд, ки дар заминаи муноқишаи миёни ду мард сар задаааст.
Ба гузориши дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ин ҳодисаи нохуш 10 сентябр, тахминан соати 18:00 рух додааст.
Гуфта мешавад, марди 34-сола, сокини ҷамоати деҳоти Х. Раҷабови ноҳияи Восеъ бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир шуд.
Машина скорой помощи в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2021
Куштор дар Суғд: марди 27-сола сокини шаҳри Конибодомро то мурдан кӯфт
Манбаъ меафзояд, миёни боздоштшуда ва марди 29-сола, бегоҳии рӯзи 10 сентябр муноқиша бархостааст, ки дар натиҷа аввалӣ ҳамсояашро шадидан латукӯб намудааст.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, бинобар ҷароҳатҳои вазнин ахирӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ба иттилои ин ниҳод, ҳоло аз рӯи ҳодисаи куштор парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0