Виллаҳои боҳашамат ва ғизои ройгон: Зиндагии паноҳандагони афғон дар Қатар - видео

Обуна шудан
Мақомоти Қатар паноҳандагони афғонро дар виллаҳое, ки барои меҳмонони Ҷоми ҷаҳонии футбол -2022 омода карда шудаанд, ҷойгир мекунанд
Ин маҷмуа, ки аз хонаҳои дуошёна иборат ва дар канори Доҳа ҷойгир аст. Ҳоло дар ин ҷо тақрибан 300 нафар зиндагӣ мекунанд.
Бар асоси муқаррароти ҷоришуда аз ҷониби мақомоти Қатар, афғонистониҳо наметавонанд қаламрави маҷмааро тарк кунанд. Баъзеи онҳо аз коронавирус эм нашудаанд.
Манзилҳои паноҳандаҳо аз ҳама шароити лозим барои зиндагӣ бархурдоранд: кондитсионер, мебел, техникаи маишӣ, интернет ва дигар шароити мусоир барои зиндагӣ дар шаҳр дар он хонаҳо муҳайёст.
Гурезаҳои афғон дар кишварҳои гуногун - аксҳо
Паноҳандаҳо ғизо ва либосро аз як мағозаи маҳаллӣ ройгон дастрас мекунанд. Ҳамчунин маҷмаа дорои кӯдакистон, маркази тиббӣ ва толори варзишӣ аст.
Шомгоҳон созмонҳои мадании Қатар барои паноҳандаҳо намоишҳои варзишию тафреҳӣ ташкил мекунанд.
Оилаҳо ва наврасони хиёбониеро, ки амрикоиҳо ба Қатар бурдаанд, ба минтақаҳои гуногун кӯчонидаанд, то онҳо барои кӯдакони хурдсол ва афроди солманд музоҳимат эҷод накунанд.
Раҳимзода гуфт, Тоҷикистон тавони қабули зиёди гурезаҳоро надорад ва аз СММ кумак хост
Бештаре аз паноҳандагон намехоҳанд дар Қатар ба муддати тӯлонӣ бимонанд. Онҳо интизори қарори мақомоти ИМА, Канада ва Олмон дар бораи бурдани паноҳандаҳо ба ин кишварҳо ҳастанд.
Дар Қатар хориҷиён метавонанд танҳо бар асоси раводиди корӣ кору зиндагӣ кунанд. Дар ҳамин ҳол, дар тӯли чанд ҳафта беш аз 58 ҳазор нафар аз Афғонистон ба ин кишвар кӯчонида шуданд.
Лентаи хабарҳо
0