Навори макони суқути ҳавопаймо дар Иркутск: Чаҳор нафар ҷон бохт

Обуна шудан
Бар асари суқути ҳавопаймои "L -410" дар вилояти Иркутски Русия дастикам 4 нафар ба ҳалокат расиданд
Ҳавопаймои мусофирбари "L - 410" дар наздикии деҳаи Казачинскоеи вилояти Иркутск суқут кард.
Дар дохили ин ҳавопаймо 16 мусофир, аз ҷумла ду узви экипаж қарор доштанд. Дар ин садама халабон ва се сарнишини он ба ҳалокат расиданд. Илова бар ин даҳ мусофири дигар дар бемористон бистарӣ шуданд ва пизишкон вазъи саломатии чор сарнишинро вазнин арзёбӣ кардаанд.
Дар ҳаво оташ гирифт: видеои суқути даҳшатноки ҳавопаймо дар вилояти Маскав
Гуфта мешавад, дар зимни ин садама бархе аз мусофирон дар солуни ҳавопаймо дармонда буданд.
Дар ҳамин ҳол, Кумитаи тафтишот чанд омили сар задани садамаро зикр кардааст. Ду омили асосӣ ноуҳдабароии халабон ва нуқси техникӣ арзёбӣ шудааст.
Зимнан навори суқути ҳавопаймои "L-410" ба шабакаҳои иҷтимоӣ ёфтааст. Дар навор дида мешавад, ҳавопаймо бо бархӯрдан ба дарахтони ҷангал ба замин сарозер мешавад.
Лентаи хабарҳо
0