https://sputnik.tj/20210913/korjuyon-mardikorbozor-khujand-kam-shud-1042237610.html
Теъдоди корҷӯён дар мардикорбозори Хуҷанд кам шудааст. Онҳо куҷо рафтанд?
Теъдоди корҷӯён дар мардикорбозори Хуҷанд кам шудааст. Онҳо куҷо рафтанд?
Sputnik Тоҷикистон
Шумори сокинони корҷӯй, ё “мардикорон” ҳоло дар роҳу ҷодаҳои Хуҷанд камтар ба назар мерасанд. Ҳаққи кор арзон шуд, ё онҳо кор пайдо кардаанд
2021-09-13T19:23+0500
2021-09-13T19:23+0500
2021-09-13T20:20+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
хуҷанд
мардикорбозор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/1b/1032356802_0:337:2899:1968_1920x0_80_0_0_a43a2dfb38317c67d47d95f6f216f5cd.jpg
ДУШАНБЕ, 13 сен – Sputnik. Дар муқоиса ба як моҳи пеш теъдоди корҷӯён дар мардикорбозорҳои воқеъ дар маҳаллаи Гулистон ва 34 - и Хуҷанд камтар мушоҳида мешаванд. Шумори онҳое, ки ҳоло дар ин гуна бозорҳо дар интизори ёфтани кори кироя ҳастанд, вазъро шарҳ доданд.Умарбек, як сокини ноҳияи Масчоҳ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон сабаби кам шудани омори корҷӯёни мардикорбозорро чунин арзёбӣ кард: "Бо поён рафтани нархи билети ҳавопаймо бисёриҳо ба муҳоҷирати Русия рафтанд". Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, ҳоло бо кам шудани шумори корҷӯён ҳаққи кор дар мардикорбозорҳо тағйир наёфта, балки дарёфти кор мушкил шудааст. "Бисёриҳо меоянд, ҳаққи корамонро мегӯем, қимат гуфта мераванд. Ин ҷо корфармоён бештар барои иҷрои корҳои сохтмонӣ, аз ҷумла бардоштани девори хона, кандани чоҳи об ё хандақ (траншея) бештар муроҷиат мекунанд”, - гуфт Умарбек.Ҳамсуҳбати дигаре аз мардикорбозори Гулистони Хуҷанд шароит ва нархи корашонро тавзеҳ дод. "Ҳоло мо рӯзона аз 50 то 100 сомонӣ кор мекунем. Гоҳе мешавад, ки дар ин ҷо кор пайдо карда наметавонем”, - иброз намуд ӯ.Бино ба иттилоъи расмӣ, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 21 951 нафар сокинони вилояти Суғд ба унвонии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ муроҷиат намудаанд. Аз ин шумор 4617 зан ва 5290 мард ҳамчун нафарони корҷӯй расман сабт шудаанд.Шермуҳаммад Нодирӣ, сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд ахиран дар нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҷамъи корҷӯён беш аз 10 ҳазор сокини вилоят бо ҷойи кор таъмин шудаанд. Таъсир ба бозори “мардикорон” -и Хуҷанд: COVID-19 нархи корҳоро арзон кардДар вилояти Суғд давоми соли ҷорӣ қарор аст, 18 900 нафар бо ҷойи кор таъмин шавад. Корҷӯёни мардикорбозорҳо мегӯянд, маоши корҳое, ки аз ҷониби идораҳои давлатӣ пешниҳод мешавад, кам аст ва дар шароити гаронии нархи бозор барои хариди маводи ниёзи рӯзғор намерасад, аз ин хотир онҳо барои дарёфти кор ба идораҳои шуғл ҳамчун нафари бекор муроҷиат намекунанд.
https://sputnik.tj/20210215/vazir-muloqot-zanon-mardikor-1032827085.html
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/1b/1032356802_181:0:2912:2048_1920x0_80_0_0_6535db5200bb320d1b42fcc8ce9d817e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хуҷанд, мардикорбозор
Теъдоди корҷӯён дар мардикорбозори Хуҷанд кам шудааст. Онҳо куҷо рафтанд?
19:23 13.09.2021 (Навсозишуда: 20:20 13.09.2021) Шумори сокинони корҷӯй ё мардикорон ҳоло дар роҳу ҷодаҳои Хуҷанд камтар ба назар мерасад. Ҳаққи кор арзон шуд, ё онҳо кор пайдо кардаанд
ДУШАНБЕ, 13 сен – Sputnik. Дар муқоиса ба як моҳи пеш теъдоди корҷӯён дар мардикорбозорҳои воқеъ дар маҳаллаи Гулистон ва 34 - и Хуҷанд камтар мушоҳида мешаванд.
Шумори онҳое, ки ҳоло дар ин гуна бозорҳо дар интизори ёфтани кори кироя ҳастанд, вазъро шарҳ доданд.
Умарбек, як сокини ноҳияи Масчоҳ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон сабаби кам шудани омори корҷӯёни мардикорбозорро чунин арзёбӣ кард: "Бо поён рафтани нархи билети ҳавопаймо бисёриҳо ба муҳоҷирати Русия рафтанд".
"Ба ин ҷо аз ночорӣ меомаданд. Ин ки нархи билети ҳавопаймо арзон шуд, бисёриҳо ба шаҳрҳои Русия ба муҳоҷират рафтанд”, - иброз намуд Умарбек.
Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, ҳоло бо кам шудани шумори корҷӯён ҳаққи кор дар мардикорбозорҳо тағйир наёфта, балки дарёфти кор мушкил шудааст.
"Бисёриҳо меоянд, ҳаққи корамонро мегӯем, қимат гуфта мераванд. Ин ҷо корфармоён бештар барои иҷрои корҳои сохтмонӣ, аз ҷумла бардоштани девори хона, кандани чоҳи об ё хандақ (траншея) бештар муроҷиат мекунанд”, - гуфт Умарбек.
Ҳамсуҳбати дигаре аз мардикорбозори Гулистони Хуҷанд шароит ва нархи корашонро тавзеҳ дод.
"Ҳоло мо рӯзона аз 50 то 100 сомонӣ кор мекунем. Гоҳе мешавад, ки дар ин ҷо кор пайдо карда наметавонем”, - иброз намуд ӯ.
Бино ба иттилоъи расмӣ, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 21 951 нафар сокинони вилояти Суғд ба унвонии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ муроҷиат намудаанд. Аз ин шумор 4617 зан ва 5290 мард ҳамчун нафарони корҷӯй расман сабт шудаанд.
Шермуҳаммад Нодирӣ, сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд ахиран дар нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҷамъи корҷӯён беш аз 10 ҳазор сокини вилоят бо ҷойи кор таъмин шудаанд.
Дар вилояти Суғд давоми соли ҷорӣ қарор аст, 18 900 нафар бо ҷойи кор таъмин шавад.
Корҷӯёни мардикорбозорҳо мегӯянд, маоши корҳое, ки аз ҷониби идораҳои давлатӣ пешниҳод мешавад, кам аст ва дар шароити гаронии нархи бозор барои хариди маводи ниёзи рӯзғор намерасад, аз ин хотир онҳо барои дарёфти кор ба идораҳои шуғл ҳамчун нафари бекор муроҷиат намекунанд.