Комиссари СММ аз ваъдахилофии "Толибон"* гуфт

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкМехтарлам под контролем запрещенной в РФ организации "Талибан"
Мехтарлам под контролем запрещенной в РФ организации Талибан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2021
Обуна шудан
Мишел Бачалет, комиссари олии СММ дар умури ҳуқуқи инсон аз аҳдшикании "Толибон"* гуфт, ки қудрат дар Афғонистонро ғасб кард
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Мишел Бачалет, зимни суханронӣ дар ҷаласаи СММ изҳор дошт, ки "Толибон"* ваъдаҳояшро дар бораи ҳуқуқи инсонро риоя намекунад.
Ба гуфтаи ин мақомдори СММ, гарчанде "Толибон"* ваъдаи афви умумро дод, аъмолаш хилофи изҳороташ аст.
"Дар изҳороташ "Толибон"* афви собиқ кормандони мақомоти амниятӣ, ходимони давлатӣ, манъи бозҷӯии хонаҳо ва риояи ҳуқуқи занонро бо назардошти қонунҳои шариат ваъда кард, аммо тибқи арзёбиҳои мо, ки асосноканд дар маҳалҳо амалашон хилофи изҳороташон мебошад", - таъкид кардаст Мишел Бачалет.
Ӯ таъкид намуд, ки аъмоли "Толибон"* дар минтақаҳои гуногун фарқкунанда мебошанд. Комиссари СММ ҳушдор дод, ки буҳрони башарию иқтисодӣ дар Афғонистон ба марҳилаи нави хатарнок ворид гардид.
Сохайль Шахин, представитель политического офиса движения Талибан  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2021
Чину Русия ва Эрон - се давлате, ки вазири корҳои хориҷии "Толибон"* мехоҳад сафар кунад
СММ аз куштори собиқ кормандони мақомоти амниятӣ ба хотири интиқом аз сӯи "Толибон"* иттилоъ гирифтааст.
"Бозҷӯии афроди ҳамкор бо нерӯҳои амрикоӣ сурат мегирад. Ин аъмол асосан дар Кобул, Қандаҳор, Ҳирот, Мазори Шариф, Маймане ва Самангон анҷом дода мешаванд", - илова намудааст ӯ.
Комиссари олии СММ инчунин аз нақзи ҳуқуқ ба фаъолияти маданӣ, ҳуқуқ ба таҳсил ва нақзи ҳуқуқи инсон
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0