Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Толибон* лавҳаи ёдгории Ато Муҳаммади Нурро шикастанд - акс

© из личного архива Атто Мухаммада НурЛидер северных провинций Афганистана Атто Мухаммад Нур
Лидер северных провинций Афганистана Атто Мухаммад Нур - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2021
Обуна шудан
Шояд яке аз сабабҳои ин амали нангини Толибон* ифшо намудани номҳои террористони дигар гурӯҳҳо, ки ҷангҷӯён "бародар" мехонанд, аз ҷониби Ато Муҳаммади Нур бошад
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Аъзоёни гурӯҳи радикалии Толибон* (мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон), дар лавҳаи ёдгорӣ санги бахшида ба раиси Ҷамъияти исломии Афғонистон Ато Муҳаммади Нурро шикастанд.
Дар ин бора шабакаи телеграммии Sputnik Афғонистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки лавҳаи ёдгорӣ дар шаҳри Мазори Шариф воқеъ будааст.
© TelegramЛавҳаи ёдгорӣ дар шаҳри Мазори Шариф
Лавҳаи ёдгорӣ дар шаҳри Мазори Шариф  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2021
Лавҳаи ёдгорӣ дар шаҳри Мазори Шариф
Дар ин лавҳа як санге бо акси Ато Муҳаммади Нур - яке аз чеҳраҳои намоёни арсаи сиёсии Афғонистон, бахшида шуда буд.
Ин дар ҳолест, ки Ато Муҳаммади Нур, рӯйхати раҳбарони созмонҳои террористии Чин, Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро нашр кард, ки аз сӯи як шаҳрванди Қазоқистон ба ном “Ҳоҷӣ Фурқон” раҳбарӣ мешаванд.
Ин ҳам қисмате аз рӯйхати афроди масъул ва саргуруҳҳои созмонҳои террористие, назири "Ал-қоида"*, Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ*, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон* ва "Ансоруллоҳ"* аст.
 Ахмад Шах Масуд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Санги тахрибкардаи қабри Масъудро барои барқарор кардан ба Кобул мебаранд
Масъули матбуотии Ато Муҳаммади Нур бо ироаи ин рӯйхат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, он дар пайи як иттилои афроди Ҷамъияти исломӣ дар вилояти Бадахшони Афғонистон тайи чанд моҳи ахир ҷамъоварӣ ва тартиб шудааст.
"Ба ҳама кишварҳои минтақа ва ҷаҳон маълум бод, ки "Толибон"* онҳоро "бародари исломӣ" ва "меҳмон" хонда, омодаи таслими онҳо ба кишварҳояшон нестанд ва ба тааҳуде, ки ба ҷомиаи байнулмилалӣ доранд, он ҳам ҳамкорӣ накардан ва паноҳ надодан ба террористони хориҷӣ, аслан эътино намекунанд", - гуфт ин манбаъ.
Вокуниши духтари Аҳмадшоҳ Масъуд ба тахриби мақбараи падараш
Ёдрас мешавем, ки пештар Толибон* санги оромгоҳи қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъудро тахриб ва баъдан барои барқарор кардан ба шаҳри Кобул фиристоданд.
Лентаи хабарҳо
0