Лаҳзаи ҳамлаи мард ба духтарча дар кӯча - навор

© Sputnik / Табылды КадырбековМужчина применяет насилие в отношении женщины. Архивное фото
Мужчина применяет насилие в отношении женщины. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2021
Обуна шудан
Лаҳзаи ҳамлаи марде ба духтарча дар рӯзи равшан дар қади роҳ ба навор афтод
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Ҳамлаи мард ба духтарча дар шаҳри Солнечногорски назди Маскав сабт шудааст. Лаҳзаи ҳамла аз сӯи дурбини назоратӣ сабт гардидаст, хабар дод РИА Новости.
Дар навори нашркардаи RT, инъикос ёфтааст, ки чигуна марде аз қафо ба духтарча наздик мешавад ва аз гарданаш меқапад.
Ба нақли духтарча, ҳамлагар аз гулӯяш фишурда суол кардааст, ки оё мехоҳад зинда бимонад ва ҷабрдида тавонистааст, фарёд занаду ин ҳолат диққати ҳамсояро ҷалб кардааст. Таваҷҷуҳи ҳамсоя боиси тарс ва фирори ҳамлагар шудааст.
Шабакаи телевизиониии 360, хабар медиҳад, ки муттаҳам дар ҳамла муайян ва боздошт шуд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран дар Кузбас ду духтарчаи 10-сола бедарак шуда, баъдан ҷасадҳояшон пайдо карда шуд. Бо иттиҳоми таҷовуз ва куштори ин духтарон марди миёнсоле боздошт гардид, ки қаблан низ барои дастдарозии шаҳвонӣ боздошту маҳкум шудааст.
Лентаи хабарҳо
0