Зодрӯзи Саъдулло Асадуллоев: 12 сентябр дар таърих

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 12 сентября
День 12 сентября - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2021
Обуна шудан
Рӯзи 12 сентябр дар Эфиопия – Рӯзи миллии инқилоб мебошад. Дар ин рӯз, соли 1932 — Саъдулло Асадуллоев, олим ва адабиётшиноси тоҷик ба дунё омадааст

Рӯзи 12 сентябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1910 дар Лос-Анҷелес Алиса Уэлс дар ҷаҳон аввалин зан-афсари политсия интихоб гардид.
Соли 1959 аз космодроми Байконур дастгоҳи байнисайёравии худкори "Луна-2" ба кайҳон фиристода шуд.
День 9 сентября - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2021
30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон: 9 сентябр дар таърих
Соли 1968 Албания расман аз Созмони аҳдномаи Варшава баромад.
Соли 2014 Ҳиндустон ва Покистон барои узви комилҳуқуқи Созмони Ҳамкории Шанхай шудан аризаи расмӣ пешниҳод карданд.

Рӯзи 12 сентябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2011 дар шаҳри Душанбе дуюмин Форуми байналмилалии самаранокии неруи барқ баргузор гардид.
Соли 2013 дар шаҳри Бишкек Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши ду мамлакатро баррасӣ намуданд.
Соли 2013 дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон созишномаи байниҳукуматӣ доир ба кашидани лӯлаи интиқоли гази табиӣ аз Туркманистон ба Чин аз тариқи қаламрави Тоҷикистон ба имзо расид.
День 8 сентября - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2021
Зодрӯзи Далер Назаров: 8 сентябр дар таърих
Соли 2014 дар ҳамоиши навбатии сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе масоили вобаста ба амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти зиддитеррористӣ, таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои нозир, тартиби қабули аъзои нав ба созмон ва дигар масоили муҳим баррасӣ шуд.
Соли 2014 дар шаҳри Душанбе пас аз анҷоми ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай як зумра санадҳои нав ба имзо расиданд.
Соли 2016 дар маркази шаҳраки Зафаробод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки ҳазорон нафар сокинону меҳмонони ноҳия дар вазъияти тантанавӣ аз болои муҷассамаи нахустин бунёдгузори давлати тоҷикон- шоҳ Исмоили Сомонӣ парда бардошта, Парчами миллиро боло бардошт.

Ҷашнҳои рӯзи 12 сентябр

Дар Эфиопия – Рӯзи миллии инқилоб.

Рӯзи 12 сентябр кӣ ба дунё омадааст

1751 — Алексей Корсаков, сенатори русиягӣ, президенти Берг-коллегия.
1829 — Анселм фон Фейербах,рассоми олмонӣ.
1888 — Морис Шевале, ҳунарманди фаронсавӣ.
1897 — Ирен Жолио-Кюри, физики фаронсавӣ, ҷоизадори мукофоти Нобелӣ, духтари Мария Склодовская-Кюри ва Пер Кюри.
1933 — Татяна Доронина, ҳунарманди театр ва кино, ҳунарманди халқии ИҶШС.
1944 — Владимир Спиваков, ғижжакнавоз, дирижер, педагог, раҳбари ансамбли "Виртуозы Москвы", ҳунарманди халқии ИҶШС.
1949 — Ирина Роднина, қаҳрамони секаратаи олимпӣ, қаҳрамони 10-каратаи ҷаҳон оид ба варзиши сабук, корманди ҷамъиятӣ.
1953 — Элла Памфилова, сиёсатмадори русиягӣ, ходими ҷамъиятӣ ва давлатӣ, ҳомии ҳуқуқ.
1966 — Ануше Ансари,олими амрикоӣ.

Рӯзи 12 сентябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

1932 — Саъдулло Асадуллоев, олим-адабиётшинос.
1941 — Мунаввар Мансурхоҷаев, асосгузори филми тасвирии тоҷик, коргардон.
1947 — Гулафзо Савриддинова, ходими давлатӣ.
Лентаи хабарҳо
0