https://sputnik.tj/20210911/vazorati-mehnat-diasporahoi-tojik-sharikoni-rushd-etirof-1042196268.html
Вазорати меҳнат диаспораҳои тоҷик дар хориҷро, ҳамчун шарикони рушд эътироф мекунад
Вазорати меҳнат диаспораҳои тоҷик дар хориҷро, ҳамчун шарикони рушд эътироф мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Ширин Амонзода ахиран дар мулоқот бо намояндагони диаспораҳои тоҷик таъкид кардааст, ки ҳамкориро бо диаспора, ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон хуб ба роҳ монда шудааст ва мақомот, онҳоро ҳамчун шарикони рушд эътироф намудааст
2021-09-11T14:10+0500
2021-09-11T14:10+0500
2021-09-11T14:10+0500
дар тоҷикистон
вазорати меҳнат
диаспораи тоҷикон
ширин амонзода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/0b/1042196118_0:131:2048:1283_1920x0_80_0_0_fb826ed6e683d05d3a10d7e523e73c94.jpg
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мулоқоти Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо намояндагони диаспораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, марказҳои фарҳангии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ин ниҳод.Дар аввал Вазир ҳозиринро бо ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик карду қайд кард, ки ҳамасола дар солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз, Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва дигар чорабиниҳои муҳими ҷумҳуриявӣ, ки дар кишвар баргузор мегардад, намояндагони диаспораҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон аз хориҷи кишвар даъват карда мешаванд, ки ин иқдом барои шиносоии ҳарчи бештари ҳамватанони бурунмарзӣ бо зебогиҳои кишварамон мусоидат менамояд.Вай зимни суҳбат қайд кард, ки мақомот ҳамкориро бо диаспора, ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ хуб ба роҳ монда, онҳоро ҳамчун шарикони рушд эътироф мекунад.Ҳамзамон таъкид шудааст, ки зимни мулоқот аз ҷониби намояндагони диаспораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, марказҳои фарҳангии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо ва робитаи доимӣ бо сохторҳои вазорат, ҳамкорӣ барои ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор дар хориҷ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо таклифу пешниҳодҳо манзур шуданд.Манбаъ илова кардааст, ки дар ин дидор ба намояндагони диаспораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, марказҳои фарҳангии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ ифтихорномаи Вазорати меҳнати Тоҷикистон супорида шуд.
https://sputnik.tj/20210728/muzd-sozishnoma-tojikiston-qatar-muhojirat-1041237301.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/0b/1042196118_228:0:2048:1365_1920x0_80_0_0_ef4e84f771a1d1a487c665976e5d1082.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, диаспораҳо, вазорати меҳнат, мулоқот, шарикони рушд
тоҷикистон, диаспораҳо, вазорати меҳнат, мулоқот, шарикони рушд
Вазорати меҳнат диаспораҳои тоҷик дар хориҷро, ҳамчун шарикони рушд эътироф мекунад
Ширин Амонзода ахиран дар мулоқот бо намояндагони диаспораҳои тоҷик таъкид кардааст, ки мақомот ҳамкориро бо диаспора, ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ, хуб ба роҳ монда аст ва мақомот, онҳоро ҳамчун шарикони рушд эътироф менамояд
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мулоқоти Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо намояндагони диаспораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, марказҳои фарҳангии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ин ниҳод.
Дар аввал Вазир ҳозиринро бо ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик карду қайд кард, ки ҳамасола дар солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз, Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва дигар чорабиниҳои муҳими ҷумҳуриявӣ, ки дар кишвар баргузор мегардад, намояндагони диаспораҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон аз хориҷи кишвар даъват карда мешаванд, ки ин иқдом барои шиносоии ҳарчи бештари ҳамватанони бурунмарзӣ бо зебогиҳои кишварамон мусоидат менамояд.
Вай зимни суҳбат қайд кард, ки мақомот ҳамкориро бо диаспора, ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ хуб ба роҳ монда, онҳоро ҳамчун шарикони рушд эътироф мекунад.
Ҳамзамон таъкид шудааст, ки зимни мулоқот аз ҷониби намояндагони диаспораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, марказҳои фарҳангии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо ва робитаи доимӣ бо сохторҳои вазорат, ҳамкорӣ барои ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор дар хориҷ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо таклифу пешниҳодҳо манзур шуданд.
Манбаъ илова кардааст, ки дар ин дидор ба намояндагони диаспораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, марказҳои фарҳангии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ ифтихорномаи Вазорати меҳнати Тоҷикистон супорида шуд.