https://sputnik.tj/20210910/putin-lukashenko-yakjoyasozi-iqtisod-1042176486.html
Путину Лукашенко дар бораи якҷоясозии иқтисод эълон доштанд
Путину Лукашенко дар бораи якҷоясозии иқтисод эълон доштанд
Sputnik Тоҷикистон
Дар маҷмуъ дар доираи мулоқоти роҳбарони Русия ва Белорус 28 барномаи иттиҳодии ду кишварро ба мувофиқа расондаанд
2021-09-10T13:20+0500
2021-09-10T13:20+0500
2021-09-10T13:20+0500
иқтисод
лукашенко
ҳамкорӣ
белорус
путин
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/0a/1042170409_0:0:3197:1799_1920x0_80_0_0_81c9e39489bc12d156fb9fa915335dc8.jpg
ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ва ҳамтои белорусаш Александр Лукашенко ахиран дар Кремл густариши ҳамкориҳоро баррасӣ карданд. Масоили байналмилалӣ, аз ҷумла қазияи Афғонистон низ аз мавзӯъҳои меҳварии мулоқоти Путину Лукашенко будааст. Ба гуфтаи Путин, ҳукумати Русия ва Белорус дар бораи кумаки ҷадид барои Минск созиш мекунанд, ки то сентябри соли 2022 ҳудуди 630 - 640 миллион долларро ташкил хоҳад дод. Роҳбари Русия инчунин ташкили парлумони иттиҳодии ду кишварро истисно намекунад. Ӯ зикр намуд, ки чунин ҳадаф ҳанӯз аз соли 1997 гузошта шуда буд. "Пеш аз ҳама бояд заминаи иқтисодӣ фароҳам гардад. ва баъдан табиист, ки ниёз ба танзими иловагӣ пайдо мегардад. Аз ҷумла шояд ин танзим дар сатҳи парлумони иттиҳодӣ сурат бигирад, ман инро истисно намедонам", - гуфт Путин. Александр Лукашенко низ муътақид аст, ки ҳамгироии Белорус ва Русия ба суди тарафайн мебошад ва роҳбарон бо назардошти манофеи мардуми ду кишвар амал хоҳанд кард. Ӯ таъкид намуд, ки иддао дар бораи "фурӯбарии Белорус аз ҷониби Русия" хабарпарокание беш нестанд. Инчунин Маскаву Минск дар бораи сиёсати ягонаи макроиқтисодӣ, ҳамгироии низомҳои пардохт ва ҳамоҳангсозии сиёсати пулию қарзӣ созиш карданд.
https://sputnik.tj/20210809/lukashenko-kanorraviyash-maqom-prezidenti-joyguzinash-1041516566.html
белорус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/0a/1042170409_197:0:2928:2048_1920x0_80_0_0_f92055fa1f49b181d9d120c580b31802.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
путин, лукашенко, иқтисод, сиёсат, парлумони иттиҳодӣ, якҷоя
путин, лукашенко, иқтисод, сиёсат, парлумони иттиҳодӣ, якҷоя
Путину Лукашенко дар бораи якҷоясозии иқтисод эълон доштанд
Дар маҷмуъ дар доираи мулоқоти роҳбарони Русия ва Белорус 28 барномаи иттиҳодии ду кишвар ба мувофиқа расидаанд
ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ва ҳамтои белорусаш Александр Лукашенко ахиран дар Кремл густариши ҳамкориҳоро баррасӣ карданд.
Масоили байналмилалӣ, аз ҷумла қазияи Афғонистон низ аз мавзӯъҳои меҳварии мулоқоти Путину Лукашенко будааст.
"Кори зиёде, ки сари таҳкими ҳамгироии иқтисодии Русия ва Белорус дар доираи давлати иттиҳодӣ анҷом дода мешавад, ба марҳилаи ниҳоияш расидааст", - изҳор дошт раисиҷумҳури Русия.
Ба гуфтаи Путин, ҳукумати Русия ва Белорус дар бораи кумаки ҷадид барои Минск созиш мекунанд, ки то сентябри соли 2022 ҳудуди 630 - 640 миллион долларро ташкил хоҳад дод.
Роҳбари Русия инчунин ташкили парлумони иттиҳодии ду кишварро истисно намекунад. Ӯ зикр намуд, ки чунин ҳадаф ҳанӯз аз соли 1997 гузошта шуда буд.
"Пеш аз ҳама бояд заминаи иқтисодӣ фароҳам гардад. ва баъдан табиист, ки ниёз ба танзими иловагӣ пайдо мегардад. Аз ҷумла шояд ин танзим дар сатҳи парлумони иттиҳодӣ сурат бигирад, ман инро истисно намедонам", - гуфт Путин.
Александр Лукашенко низ муътақид аст, ки ҳамгироии Белорус ва Русия ба суди тарафайн мебошад ва роҳбарон бо назардошти манофеи мардуми ду кишвар амал хоҳанд кард.
Ӯ таъкид намуд, ки иддао дар бораи "фурӯбарии Белорус аз ҷониби Русия" хабарпарокание беш нестанд.
Инчунин Маскаву Минск дар бораи сиёсати ягонаи макроиқтисодӣ, ҳамгироии низомҳои пардохт ва ҳамоҳангсозии сиёсати пулию қарзӣ созиш карданд.