Покистон кумак ба Толибонро* барои ишғоли Панҷшер рад мекунад

© AFP 2023 / WAKIL KOHSARТалибы в аэропорта в Кабуле
Талибы в аэропорта в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.09.2021
Обуна шудан
Исломобод расман иттиҳомотро дар бораи кӯмак ба Толибон* дар ишғоли Панҷшер рад кард
ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Покистон иддаои даст доштан дар тасарруфи Толибон* дар вилояти Панҷшери Афғонистонро рад кард, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба радиои Покистон.
Ба гуфтаи Осим Ифтихор, сухангӯи вазорати умури хориҷии ин кишвар гуфт, чунин изҳорот дар васоити ахбори умум ба воқеият мувофиқат намекунад.
Ба гуфтаи Ифтихор, як қатор хабарҳои ахборие, ки дар матбуоти Ҳиндустон нашр шудаанд, аллакай рад карда шудаанд.
Министр иностранных дел Республики Таджикистан Сироджиддин Мухриддин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2021
Тоҷикистон гуфт, Толибон* бо мусоидати кишвари сеюм болои Панҷшер ҳамла мекунанд
Вай афзуд, ки ин гуна иттилоот бахше аз "маъракаи таблиғотӣ" алайҳи Покистон ва як навъ "кӯшиши ноумедкунанда" барои гумроҳ кардани ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.
Ёдовар мешавем, ки қаблан рӯзномаи Ҳиндустон "Пионер" хабар дода буд, ки ҳавопаймоҳои нерӯҳои ҳавоии Покистон ва воҳидҳои вижаи ин кишвар ба ҳаракати Толибон* барои забти вилояти Панҷшер дар шимоли Афғонистон дастгирии низомӣ кардаанд.
Ахиран Амрико низ таъйид кард, ки дар ҳамалот болои Панҷшер нерӯҳои ҳавоии Покистон даст доштанд ва нерӯҳои заминияшон низ ҳузур доранд.
* - ҷунбиши Толибон * ҳамчун созмони террористӣ эътироф шудааст. Фаъолияти ӯ дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст.
Лентаи хабарҳо
0