https://sputnik.tj/20210910/peskov-rusiya-marosim-eloni-hukumati-tolibon-1042181191.html
Песков гуфт, Русия дар маросими эълони ҳукумати Толибон* иштирок намекунад
Песков гуфт, Русия дар маросими эълони ҳукумати Толибон* иштирок намекунад
Sputnik Тоҷикистон
Сухангӯи президенти Русия масъалаи иштирок дар маросими расмии эълони ҳукумати Толибон* - ро шарҳ дод
2021-09-10T15:45+0500
2021-09-10T15:45+0500
2021-09-10T15:45+0500
сиёсат
афғонистон
толибон
панҷшер
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/1c/1031976800_0:0:3005:1691_1920x0_80_0_0_4768e13928c759309c16aac836be6670.jpg
ДУШАНБЕ, 10 сен - Sputnik. Русия ба ҳеч шевае дар маросими расмии эълони ҳукумати Толибон* иштирок нахоҳад кард, изҳор дошт Дмитрий Песков, котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия. "Русия ҳеч гуна дар ин маросим ширкат нахоҳад кард", - посухи кӯтоҳ дод Песков ба суоли рӯзноманигорон дар мавриди эълони ҳукумати Толибон*. Қаблан мақомдорони Толибон* ба РИА Новости аз даъвати намояндагони Русия, Чин, Қатар, Туркия, Покистон ва Эрон ба маросими эълони ҳукуматашон хабар доданд. Маросими расмии эълони ҳукумати Толибон* 11 сентябр дар назар аст. Пештар Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, гуфт, аз Толибон* ташкили як ҳукумати фарогирро интизоранд, ки на танҳо аъзои ҳаракат, балки намояндагони дигар қавмҳо, аз ҷумла тоҷикон, пуштун, ҳазора, ӯзбекҳоро дар бар мегиранд. "Агар ин (фарогирӣ - шарҳ аз идора) баррасӣ шавад, ман фикр мекунам, ки мо бо хушнудӣ дар якҷоягӣ бо дигар кишварҳои даъватшуда, ки ба вазъи ин кишвар таъсир мерасонанд, ширкат хоҳем кард", - илова намуда буд вазир қаблан. Толибон* 15 август Кобулро ғасб карда, аз ташкили аморати исломӣ хабар доданд. Феълан алайҳи ин гуруҳи тундрав, Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ташкил шудааст, ки эълон медорад, барои ҳуқуқи озодиҳои шаҳрвандони кишвар мубориза мебарад. *-созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20210910/sardori-muqovimat-bachae-samarqand-solehi-registoni-kist-1042175763.html
афғонистон
панҷшер
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/1c/1031976800_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_acfdda6a5461de8bd4a08df5d0593556.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
толибон, афғонистон, панҷшер, русия, песков
толибон, афғонистон, панҷшер, русия, песков
Песков гуфт, Русия дар маросими эълони ҳукумати Толибон* иштирок намекунад
Сухангӯи президенти Русия масъалаи иштирок дар маросими расмии эълони ҳукумати Толибон* - ро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 10 сен - Sputnik. Русия ба ҳеч шевае дар маросими расмии эълони ҳукумати Толибон* иштирок нахоҳад кард, изҳор дошт Дмитрий Песков, котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия.
"Русия ҳеч гуна дар ин маросим ширкат нахоҳад кард", - посухи кӯтоҳ дод Песков ба суоли рӯзноманигорон дар мавриди эълони ҳукумати Толибон*.
Қаблан мақомдорони Толибон* ба РИА Новости аз даъвати намояндагони Русия, Чин, Қатар, Туркия, Покистон ва Эрон ба маросими эълони ҳукуматашон хабар доданд. Маросими расмии эълони ҳукумати Толибон* 11 сентябр дар назар аст.
Пештар Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, гуфт, аз Толибон* ташкили як ҳукумати фарогирро интизоранд, ки на танҳо аъзои ҳаракат, балки намояндагони дигар қавмҳо, аз ҷумла тоҷикон, пуштун, ҳазора, ӯзбекҳоро дар бар мегиранд.
"Агар ин (фарогирӣ - шарҳ аз идора) баррасӣ шавад, ман фикр мекунам, ки мо бо хушнудӣ дар якҷоягӣ бо дигар кишварҳои даъватшуда, ки ба вазъи ин кишвар таъсир мерасонанд, ширкат хоҳем кард", - илова намуда буд вазир қаблан.
Толибон* 15 август Кобулро ғасб карда, аз ташкили аморати исломӣ хабар доданд. Феълан алайҳи ин гуруҳи тундрав, Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ташкил шудааст, ки эълон медорад, барои ҳуқуқи озодиҳои шаҳрвандони кишвар мубориза мебарад.
*-созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар