https://sputnik.tj/20210910/jabhai-navohii-dara-obshor-paryon-panjsher-girift-1042184597.html
Ҷабҳаи муқовимат дубора навоҳии Дара, Обшор ва Парёни Панҷшерро гирифт
Ҷабҳаи муқовимат дубора навоҳии Дара, Обшор ва Парёни Панҷшерро гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Расонаҳои Афғонистон аз дубора ишғол шудани чанд ноҳияи вилояти Панҷшер аз ҷониби Ҷабҳаи муқовимат хабар медиҳанд.
2021-09-10T17:10+0500
2021-09-10T17:10+0500
2021-09-10T17:10+0500
афғонистон
ҷанг
панҷшер
гурӯҳи террористии "толибон"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/03/1042034906_0:49:945:581_1920x0_80_0_0_7dd73cf81b543e1cc0db0cd8d5257a10.jpg
ДУШАНБЕ, 10 сен – Sputnik. Хабарнигор "Aamaj News" ки пас аз чанд рӯзи қатъи интернет аз Панҷшер берун омадааст, гуфт, Ҷабҳаи муқовимат назоратро аз болои навоҳии Дара, Обшор ва Парён дигарбора ба даст гирифт, хабар медиҳад, Sputnik Афғонистон.Вай меафзояд, ки дар минтақаҳои дигар нерӯҳои муқовимат дар кӯҳҳо ҷой гирифтаанд.Вай мегӯяд, вазъи мардуми осоишта дар ин вилоят фалокатбор аст.Ёдовар мешавем, ки тақрибан ду ҳафта боз дар вилояти Панҷшер миёни Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва ҷангиёни Толибон* ҷангҳои шадид идома дорад.Толибон пас аз хуруҷи нерӯҳои ИМА дар ин кишвар рӯзи 15 сентябр қудратро ба даст гирифтанд ва танҳо ПАнҷшер аст, ки дар баробари онон меҷангад ва талаби ҳукумати ҳамашумулро дорад.Дар пайи вуруди ҷангиён ба Кобул Афшраф Ғанӣ собиқ президенти Афғонистон аз кишвар фирор кард.
афғонистон
панҷшер
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/03/1042034906_53:0:893:630_1920x0_80_0_0_df84f61dcb0a7f4b76add2b1bbe76393.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷабҳа, муқовимат, дара, обшор, парён, панҷшер, гирифт
ҷабҳа, муқовимат, дара, обшор, парён, панҷшер, гирифт
Ҷабҳаи муқовимат дубора навоҳии Дара, Обшор ва Парёни Панҷшерро гирифт
Расонаҳои Афғонистон аз дубора ишғол шудани чанд ноҳияи вилояти Панҷшер аз ҷониби Ҷабҳаи муқовимат хабар медиҳанд.
ДУШАНБЕ, 10 сен – Sputnik. Хабарнигор "Aamaj News" ки пас аз чанд рӯзи қатъи интернет аз Панҷшер берун омадааст, гуфт, Ҷабҳаи муқовимат назоратро аз болои навоҳии Дара, Обшор ва Парён дигарбора ба даст гирифт, хабар медиҳад, Sputnik Афғонистон.
Вай меафзояд, ки дар минтақаҳои дигар нерӯҳои муқовимат дар кӯҳҳо ҷой гирифтаанд.
Вай мегӯяд, вазъи мардуми осоишта дар ин вилоят фалокатбор аст.
Ёдовар мешавем, ки тақрибан ду ҳафта боз дар вилояти Панҷшер миёни Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва ҷангиёни Толибон* ҷангҳои шадид идома дорад.
Толибон пас аз хуруҷи нерӯҳои ИМА дар ин кишвар рӯзи 15 сентябр қудратро ба даст гирифтанд ва танҳо ПАнҷшер аст, ки дар баробари онон меҷангад ва талаби ҳукумати ҳамашумулро дорад.
Дар пайи вуруди ҷангиён ба Кобул Афшраф Ғанӣ собиқ президенти Афғонистон аз кишвар фирор кард.