Зодрӯзи Мастибек Паллаев: рӯзи 10 сентябр дар таърих

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 10 сентября
День 10 сентября - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.09.2021
Обуна шудан
Рӯзи 10 сентябр, Рӯзи ҷаҳонии пешгирии худкушӣ, Рӯзи миллии кӯдакон дар Гондурас ва Рӯзи муаллимон дар Чин ва Гонконг мебошад

Рӯзи 10 сентябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1894 дар Лондон аввалин ронанда барои дар ҳолати мастӣ рондани мошин ҷарима карда шуд.
Соли 1940 дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин шиносномаҳо ба шаҳрвандон дода шуданд.
День 9 сентября - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2021
30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон: 9 сентябр дар таърих
Соли 1964 қӯшунҳои СММ бо мақсади қатъи муноқишаҳо миёни ҷамъиятҳои юнониҳою туркҳо ба Кипр фуруд омаданд.
Соли 1972 дар Мюнхен Бозиҳои ХХ тобистонаи олимпӣ, ки 26 августи ҳамон сол оғоз гардиданд, ба охир расиданд.

Рӯзи 10 сентябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2002 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими тантанавии ҷашни 2500-солагии шаҳри Истаравшани вилояти Суғд иштирок намуд.
Соли 2008 дар деҳаи Панҷрӯди шаҳри Панҷакент дар доираи тантанаҳои 1150-солагии сардафтари адабиёти тоҷику форс Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ маросими расмии ба истифода додани мақбараи ӯ баргузор гардид.
Соли 2008 дар дафтари Намояндагии доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рӯзноманигорони минтақаи Осиёи Марказӣ оид ба инъикоси масъалаҳои савдо видеоконфронс доир карда шуд.
День 8 сентября - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2021
Зодрӯзи Далер Назаров: 8 сентябр дар таърих
Соли 2009 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими рӯнамоии аввалин китоби 4-ҷилдаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон "Тоҷикон дар оинаи таърих: аз Ориён то Сомониён" бо забони ҳиндӣ доир карда шуд.
Соли 2010 дар Тоҷикистон пулҳои 3, 200 ва 500 сомонӣ ба муомилот баромад.
Соли 2014 дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе Бизнес-форуми истеҳсолкунандагони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, кишварҳои нозир ва ҳамкор баргузор гардид.
Соли 2016 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка ба маносибати 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Вашингтон намоишгоҳи аксҳои наворбардор ва суратгири машҳури тоҷик, Корманди хизматнишондодаи Тоҷикистон, академики Академияи рассомии Тоҷикистон Заур Дахте баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 10 сентябр

Рӯзи ҷаҳонии пешгирии худкушӣ.
Рӯзи миллии кӯдакон дар Гондурас.
Рӯзи муаллимон дар Чин ва Гонконг.
Рӯзи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Украина.

Рӯзи 10 сентябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омад

Бектош (1903 – 1938) – адабиётшинос.
Мидҳат Беҳбудӣ (1922-1998) – мутарҷим.
Саидмурод Бобоқулов (1960)- доктори илми таърих.
Ғолиб Ғоибов (1944) – адабиётшинос.
Шарофат Ғуломова (1940) – доктори илми тиб, профессор.
Зариф Ибод (1936) – шоир.
Абдуқаюм Қаюмзод (1967)- публисист.
Усмон Мамадқулов (1933) – доктори илми биологӣ.
Муҳиддин Музаффаров (1946) – нависанда.
Толиб Набиев (1953) – доктори илми кишоварзӣ, профессор.
Роза Неменова (1909 – 1989) – забоншинос, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Сино.
Одина Шакар (1888-1960)- шоир.
Мастибек Паллаев (1939 – 1984) – сароянда – ширинкор, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
Мирзо Сабуров (1933)- шореҳи шоҳмот.
Зебо Сангинова (1945)- арбоби фарҳангӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
Умар Сатторӣ (1948)- шоир, нависанда.
Наҷот Сафарзода (1956)- публисист.
Назришо Сўфиев (1935) – сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
Иброҳим Усмонов (1948) – доктори илми таърих, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.
Татяна Холова (1947) – артисткаи балет, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
Тоҷибой Ҳоҷибоев (1956- 2008)- ширинкор, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
Хубонгул (Xўраева) (1978)- шоира.
Хуршеди Атовулло (1972)- журналист, нависанда.
Ҳасан Форсо (1953 – 1994) – шоир.
Бахшулло Ҷумъаев (1960) – доктори илми биологӣ, профессор.
Адолат Xўраева (1947)- доктори илмҳои физикаю математика.
Лентаи хабарҳо
0