Сафорати Афғонистон: Амруллоҳ Солеҳ дар Душанбе буд ва ба ватан баргашт

© Пресс-служба правительства АфганистанаАмрулло Солех, заместитель президента Афганистана
Амрулло Солех, заместитель президента Афганистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2021
Обуна шудан
Дар ниҳоят маълум шуд, ки ноиби президенти Афғонистон воқеан ба Душанбе омадааст
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Сафири Афғонистон дар Душанбе Муҳаммад Зоҳир Ағбар дар як нишасти хабарӣ гуфт, Амруллоҳ Солеҳ, ноиби президенти Афғонистон воқеан дар пойтахти Тоҷикистон қарор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, пас аз як сафари кӯтоҳмуддат ба Тоҷикистон, ӯ билофосила ба ватан ба Панҷшер баргашт.
Муҳаммад Зоҳир Ағбар ҳамчунин гуфт, ки ба қарибӣ дар Панҷшер бо иштироки ҳамаи раҳбарони низомӣ, ки Толибонро* эътироф накардаанд, ҷаласа ва шӯрои кулли афғон даъват карда мешавад.

Амрулла Салех - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2021
Солеҳ: нагурехтаам, дар Панҷшер ҳастам - видео
Ёдовар мешавем, ки қаблан дар расонаҳо дар бораи фирори ноиби президенти пешини Афғонистон ба Тоҷикистон маълумот пайдо шуда буд.
Аммо, дертар Солеҳ паёми видеоӣ сабт кард, ки дар он ин маълумотро рад кард.
Вай изҳор дошт, ки дар Панҷшер аст ва гузоришҳои фирори ӯ "таблиғи душманон" аст.
Солеҳ баъд аз фирори президенти собиқ Ашраф Ғанӣ аз кишвар, ки бинобар ишғоли қудрат аз ҷониби аъзои ҷунбиши радикалии Толибон*, ки дар Русия мамнӯъ эълон шуда буданд, ҷумҳуриро тарк кард, худро сарвари нави ҷумҳурӣ эълон кард ва ба дараи Панҷшер рафт.
Лентаи хабарҳо
0