https://sputnik.tj/20210908/rahmon-besavodi-marifat-hurofot-ifrotgaroi-jaholat-1042124351.html
Раҳмон: бесаводӣ ва сатҳи пасти маърифат асоси хурофот, ифротгароӣ ва ҷаҳолат аст
Раҳмон: бесаводӣ ва сатҳи пасти маърифат асоси хурофот, ифротгароӣ ва ҷаҳолат аст
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи ботантана ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ гуфт, ки ҷумҳурӣ бо мушкилоти нарасидани кадрҳои баландихтисос рӯ ба рӯ шудааст
2021-09-08T14:35+0500
2021-09-08T14:35+0500
2021-09-08T18:49+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
норасоӣ
кадр
илм ва фанноварӣ
раисҷумҳур
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/08/1042123251_0:158:3072:1886_1920x0_80_0_0_e1cbc15277aeadc7f252c4c78e5a5728.jpg
ДУШАНБЕ, 8 сен – Sputnik. Эмомалӣ Рамҳон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханрониаш қайд кард, ки бесаводӣ ва сатҳи пасти маърифат асоси хурофот, ифротгароӣ ва ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба инсон танҳо бадбахтӣ меорад.Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки Тоҷикистон имрӯз бо мушкилоти нарасидани кадрҳои баландихтисос рӯ ба рӯ шудааст.Вай афзуд, ҳар кишваре, ки дар он ҷангу нооромӣ мешавад ва ҷаҳолату хурофот ҳукмфармо мегардад, пеш аз ҳама, беҳтарин кадрҳо, яъне олиму донишманд, табибу муҳандис, устоду омӯзгор, ҳунарманду меъмор, ихтироъкору навовар ва тоҷиру соҳибкор ба кишвари дигар кӯч мебандад.Роҳбари Тоҷикистон илова кард, ки агар хоҳем дар қатори кишварҳои пешрафта мақоми сазовор дошта бошем, ба рушди илму маориф ва техникаву технологияҳо, бахусус, илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ эътибори боз ҳам бештар диҳем.“Кадрҳои донишманд, соҳибкасбу баландихтисос ва содиқ ба Ватан, давлат ва миллатро тарбия кунем ва зимоми корҳои давлатро ба дасти онҳо супорем, зеро ояндаи Ватан ва соҳибони фардои давлат наврасону ҷавонони имрӯзаи мо мебошанд”, - зикр кард Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон.Ёдрас мешавем, ки имрӯзҳо Тоҷикистон 30-солагии Итиқлоляти давтии худро ҷашн мегирад. Ба муносибати ин ҷашн, дар саросари кишвар маъракаҳои ботантана баргузор шуд.
https://sputnik.tj/20210908/hayratam-nigaroni-rahmon-homushi-jahon-afghoniston-1042122697.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/08/1042123251_174:0:2899:2044_1920x0_80_0_0_47c5eb908a9b800289cbc783407e8dd4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, илму дониш, маърифат, бесаводӣ, норасоии кадрҳо
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, илму дониш, маърифат, бесаводӣ, норасоии кадрҳо
Раҳмон: бесаводӣ ва сатҳи пасти маърифат асоси хурофот, ифротгароӣ ва ҷаҳолат аст
14:35 08.09.2021 (Навсозишуда: 18:49 08.09.2021) Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи ботантана ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ гуфт, ки ҷумҳурӣ бо мушкилоти нарасидани кадрҳои баландихтисос рӯ ба рӯ шудааст
ДУШАНБЕ, 8 сен – Sputnik. Эмомалӣ Рамҳон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханрониаш қайд кард, ки бесаводӣ ва сатҳи пасти маърифат асоси хурофот, ифротгароӣ ва ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба инсон танҳо бадбахтӣ меорад.
“Таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандии дар кишвари мо рухдода ин ҳақиқатро возеҳ нишон дод, ки мо онро ҳаргиз фаромӯш намекунем”, - гуфт ӯ.
Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки Тоҷикистон имрӯз бо мушкилоти нарасидани кадрҳои баландихтисос рӯ ба рӯ шудааст.
Вай афзуд, ҳар кишваре, ки дар он ҷангу нооромӣ мешавад ва ҷаҳолату хурофот ҳукмфармо мегардад, пеш аз ҳама, беҳтарин кадрҳо, яъне олиму донишманд, табибу муҳандис, устоду омӯзгор, ҳунарманду меъмор, ихтироъкору навовар ва тоҷиру соҳибкор ба кишвари дигар кӯч мебандад.
“Илм, маориф ва техникаву технологияҳо ҳар қадар рушд ёбанд, давлат ҳамон қадар рушду тараққӣ мекунад ва сатҳу сифати зиндагии мардум беҳтар мегардад”, - зикр кард раисҷумҳур.
Роҳбари Тоҷикистон илова кард, ки агар хоҳем дар қатори кишварҳои пешрафта мақоми сазовор дошта бошем, ба рушди илму маориф ва техникаву технологияҳо, бахусус, илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ эътибори боз ҳам бештар диҳем.
“Кадрҳои донишманд, соҳибкасбу баландихтисос ва содиқ ба Ватан, давлат ва миллатро тарбия кунем ва зимоми корҳои давлатро ба дасти онҳо супорем, зеро ояндаи Ватан ва соҳибони фардои давлат наврасону ҷавонони имрӯзаи мо мебошанд”, - зикр кард Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон.
Ёдрас мешавем, ки имрӯзҳо Тоҷикистон 30-солагии Итиқлоляти давтии худро ҷашн мегирад. Ба муносибати ин ҷашн, дар саросари кишвар маъракаҳои ботантана баргузор шуд.