https://sputnik.tj/20210908/pokiston-tolibon-zabt-panjsher-kumak-1042126543.html
Покистон ба Толибон* барои забти Панҷшер кумак кард: расонаҳо
Покистон ба Толибон* барои забти Панҷшер кумак кард: расонаҳо
Sputnik Тоҷикистон
Чӣ гуна Покистон ба Толибон* барои забти Панҷшер кумак кард?
2021-09-08T15:25+0500
2021-09-08T15:25+0500
2021-09-09T14:12+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
амният ва мудофиа
афғонистон
покистон
куштор
панҷшер
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/08/1042124857_0:63:3073:1791_1920x0_80_0_0_31456b88ad9867dc07bb1c31a87c497f.jpg
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Нерӯҳои Ҳавоии Покистон ба Толибон* барои вуруд ба Панҷшер кумак карданд. Дар ин бора Daily Pioneer менависад. Нашрияи Ҳиндустон бо такя ба манбаъҳои худ қайд мекунад, ки Покистон ба ҷангиён се халабон ва 4 ҳавопаймои бесарнишини JF-7 барои бомбаборони водии Панҷшер додааст. Нерӯҳои ҳавоии кишвари ҳамсоя 20 маротиба ба ҳаво бархостанд, таъкид мекунад Daily Pioneer. Ҳамчунин, нерӯҳои гурӯҳи вижа ва низомиёни корпуси XI артиши Покистон ба ин амалиёт ҳамроҳ шудаанд.Нашрияи покистонии Dawn ин изҳороти расонаҳои Ҳиндустонро дурӯғин номидааст. Дар акс, ки гӯё ҳавопаймои сарнагуншудаи Нерӯҳои Ҳавоии Покистон нишон дода мешавад, нишасти изтирории як F-16 дар соли 2018 дар ИМА нишон дода шудааст. Dawn ишора мекунад, ки сабтҳои ҳамлаи бесарнишин дар Панҷшер аз бозии компютерии Arma ва парвози F-15 дар Уэлс мебошанд. Қаблан намояндагони Ҷабҳаи Муқовимати Миллӣ Покистонро ба куштори Фоҳим Даштӣ айбдор карданд. Ба гуфти онҳо, сухангӯи Ҷабҳа дар натиҷаи зарбаи нерӯҳои ҳавоӣ дар минтақаи Унабаи Панҷшер кушта шудааст. Дар автомобиле, ки Даштӣ ва генерал Абдул Вудод савори он буданд, эҳтимолан аз ҳавопаймои бидуни сарнишини Покистон мушак равона шуда буд. Ҷабҳаи муқовимати миллӣ қайд кард, ки макони котиби матбуотро мешуд тавассути телефони мобилии ӯ дарёфт.*ташкилоти террористӣ дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст.
https://sputnik.tj/20210906/fahim-jiyan-masud-kusht-tolibon-esarnishin-pokiston-1042071364.html
https://sputnik.tj/20210907/korshinos-afghoniston-shikast-panjsher-intizor-1042111537.html
афғонистон
покистон
панҷшер
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/08/1042124857_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_20187208fc15e62c3782267af24d6518.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
покистон, афғонистон, кумак, забти панҷшер
покистон, афғонистон, кумак, забти панҷшер
Покистон ба Толибон* барои забти Панҷшер кумак кард: расонаҳо
15:25 08.09.2021 (Навсозишуда: 14:12 09.09.2021) Рӯзноманигорони ҳиндӣ Покистонро дар кумак ба Толибон* айбдор мекунанд, аммо расонаҳои ин кишвар чунин гузоришро бепоя мехонанд
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Нерӯҳои Ҳавоии Покистон ба Толибон* барои вуруд ба Панҷшер кумак карданд. Дар ин бора
Daily Pioneer менависад.
Нашрияи Ҳиндустон бо такя ба манбаъҳои худ қайд мекунад, ки Покистон ба ҷангиён се халабон ва 4 ҳавопаймои бесарнишини JF-7 барои бомбаборони водии Панҷшер додааст.
Нерӯҳои ҳавоии кишвари ҳамсоя 20 маротиба ба ҳаво бархостанд, таъкид мекунад Daily Pioneer.
Ҳамчунин, нерӯҳои гурӯҳи вижа ва низомиёни корпуси XI артиши Покистон ба ин амалиёт ҳамроҳ шудаанд.
Нашрияи покистонии Dawn ин изҳороти расонаҳои Ҳиндустонро дурӯғин номидааст.
Дар акс, ки гӯё ҳавопаймои сарнагуншудаи Нерӯҳои Ҳавоии Покистон нишон дода мешавад, нишасти изтирории як F-16 дар соли 2018 дар ИМА нишон дода шудааст.
Dawn ишора мекунад, ки сабтҳои ҳамлаи бесарнишин дар Панҷшер аз бозии компютерии Arma ва парвози F-15 дар Уэлс мебошанд.
Қаблан намояндагони Ҷабҳаи Муқовимати Миллӣ Покистонро ба куштори Фоҳим Даштӣ айбдор карданд.
Ба гуфти онҳо, сухангӯи Ҷабҳа дар натиҷаи зарбаи нерӯҳои ҳавоӣ дар минтақаи Унабаи Панҷшер кушта шудааст.
Дар автомобиле, ки Даштӣ ва генерал Абдул Вудод савори он буданд, эҳтимолан аз ҳавопаймои бидуни сарнишини Покистон мушак равона шуда буд.
Ҷабҳаи муқовимати миллӣ қайд кард, ки макони котиби матбуотро мешуд тавассути телефони мобилии ӯ дарёфт.
*ташкилоти террористӣ дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст.