https://sputnik.tj/20210908/covid-19-dar-tojikiston-1042119622.html
Теъдоди гирифторони COVID -19 дар Тоҷикистон аз 17 ҳазор гузашт: омори ҷадид
Теъдоди гирифторони COVID -19 дар Тоҷикистон аз 17 ҳазор гузашт: омори ҷадид
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави паҳншавии коронавирус дар кишварро нашр кард
2021-09-08T11:46+0500
2021-09-08T11:46+0500
2021-09-08T11:46+0500
мавҷи сеюми коронавирус дар тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
дар тоҷикистон
тандурустӣ
вазорати тандурустӣ
теъдод
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/0a/1031708199_0:158:3001:1846_1920x0_80_0_0_936606a5ccf01b9ee4981b3587c69438.jpg
ДУШАНБЕ, 8 сен – Sputnik. Дар Тоҷикистон теъдоди гирифторони вируси корона марзи 17 ҳазорро убур кард, хабар медиҳад Вазорати тандурустии кишвар.Тибқи иттилои ин ниҳод, давоми шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 19 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст.Шумораи одамоне, ки давоми як рӯзи охир дар кишвар аз COVID-19 шифо ёфтанд, 20 нафар гуфта мешавад.Ҳамзамон шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати марг аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Дар маҷмӯъ, 124 бемор аз ин вирус фавтидаанд.Аз аввали ҳамагирии коронавирус то 8 сентябр дар кишвар 17024 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то кунун 16886 нафар (99,2%) шифо ёфтаанд.Коронавирус дар Тоҷикистон: омори моҳи августҚобили зикр аст, ки аз моҳи август то кунун дар Тоҷикистон коҳиши шумораи ҳолатҳои нави ин беморӣ мушоҳида мешавад.Ҳамин тавр, агар дар аввали моҳ ҳар рӯз тақрибан 70 нафар бемор мешуд, дар охири моҳи август ин рақам то 19 нафар коҳиш ёфт.Ҳамзамон тибқи иттилои мақомот дар кишвар наздик беш аз 2 миллион тан ваксина гирифтаанд.Ҳоло дар Тоҷикистон барои пешгирӣ аз ин беморӣ ваксинаҳои CoronaVac (Чин), AstraZeneca (Аврупо) ва Moderna (ИМА) - ро ройгон гирифт.
https://sputnik.tj/20210717/covid-uzvi-badan-tasiri-manfi-1040956769.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/0a/1031708199_164:0:2835:2003_1920x0_80_0_0_86733aa38e30e022ea298c4092a330fa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вируси корона, вазъ, тоҷикистон, беомрӣ,
вируси корона, вазъ, тоҷикистон, беомрӣ,
Теъдоди гирифторони COVID -19 дар Тоҷикистон аз 17 ҳазор гузашт: омори ҷадид
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави паҳншавии коронавирус дар кишварро нашр кард
ДУШАНБЕ, 8 сен – Sputnik. Дар Тоҷикистон теъдоди гирифторони вируси корона марзи 17 ҳазорро убур кард, хабар медиҳад Вазорати тандурустии кишвар.
Тибқи иттилои ин ниҳод, давоми шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 19 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст.
Шумораи одамоне, ки давоми як рӯзи охир дар кишвар аз COVID-19 шифо ёфтанд, 20 нафар гуфта мешавад.
Ҳамзамон шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати марг аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Дар маҷмӯъ, 124 бемор аз ин вирус фавтидаанд.
Аз аввали ҳамагирии коронавирус то 8 сентябр дар кишвар 17024 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то кунун 16886 нафар (99,2%) шифо ёфтаанд.
Қобили зикр аст, ки аз моҳи август то кунун дар Тоҷикистон коҳиши шумораи ҳолатҳои нави ин беморӣ мушоҳида мешавад.
Ҳамин тавр, агар дар аввали моҳ ҳар рӯз тақрибан 70 нафар бемор мешуд, дар охири моҳи август ин рақам то 19 нафар коҳиш ёфт.
Ҳамзамон тибқи иттилои мақомот дар кишвар наздик беш аз 2 миллион тан ваксина гирифтаанд.
Ҳоло дар Тоҷикистон барои пешгирӣ аз ин беморӣ ваксинаҳои CoronaVac (Чин), AstraZeneca (Аврупо) ва Moderna (ИМА) - ро ройгон гирифт.