https://sputnik.tj/20210908/abdullohiyon-karzay-tdavlati-farogir-afghonistonro-sulh-1042138212.html
Абдуллоҳиён ба Карзай: танҳо давлати фарогир, метавонад Афғонистонро ба сулҳ расонад
Абдуллоҳиён ба Карзай: танҳо давлати фарогир, метавонад Афғонистонро ба сулҳ расонад
Sputnik Тоҷикистон
Вазири умури хориҷаи Эрон дар гуфтугӯ бо раисҷумҳури пешини Афғонистон таъкид кардааст, ки Эрон хостори Афғонистоне ҳаст, ки дур аз ҷангу терроризм аст
2021-09-08T20:00+0500
2021-09-08T20:00+0500
2021-09-08T20:00+0500
афғонистон
толибон
эрон
ҳамид карзай
вазири хориҷа
ҳукумат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0c/1041611915_0:404:2923:2048_1920x0_80_0_0_322156d6b37294351c7ce77ffcf14dc3.jpg
ДУШАНБЕ, 8 авг – Sputnik. Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон дар гуфтугӯи телефонӣ бо Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешини Афғонистон бар гуфтугӯ миёни тамоми гурӯҳҳо, бо ҳадафи ташкили як давлати фарогир дар Афғонистон, ки бозтобдиҳандаи таркиби қавмиву ҷамъиятии ин кишвар бошад, таъкид кард, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.Оқои Абдуллоҳиён қайд кард, ки Афғонистон танҳо аз ин тариқ метавонад ба сулҳи пойдор бирасад.Вазири хориҷаи Эрон ҳамчунин илова кард, ки Эрон марзҳо ва гузаргоҳҳои марзии худ бо Афғонистонро барои осон сохтани вазъи феълӣ дар ин кишвар боз нигаҳ медорад ва тиҷоратро идома хоҳад дод.“Амрико дар ду даҳаи гузашта сабабгор ва масъули нобасомониҳои кунунӣ дар Афғонистон аст”, - илова кард вазири эронӣ.Аабдуллоҳиён афзуд, ки дар ҳоли ҳозир ин назар ва иродаи мардуми Афғонистон аст, ки бояд ба ин вазъ поён диҳанд.Ҳомид Карзай, раисҷумҳурии пешини Афғонистон низ дар ин тамоси телефонӣ изҳор доштааст, ки бузургони Афғонистон барои убур аз ин вазъ ниҳояти талоши худро анҷом медиҳанд ва ҳадафи аслӣ таҳаққуқи хосту иродаи мардуми Афғонистон аст.Вай зимни тақдир аз мавозеъ ва талошҳои бакоргирифташуда аз сӯи Эрон таъкид кард.“Ҳамроҳ бо дигар бузургону ришсафедон, бо гуруҳҳои мухталиф, аз ҷумла Толибон (созмони терроритии мамнӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон) дар ҳоли ройзанӣ ҳастем ва аз Эрони ҳам дархост дорем, ки мисли собиқ кумакҳои худро дар ростои осонсозии ин амр идома диҳад”, - гуфт Ҳомид Карзай.
https://sputnik.tj/20210908/vokunishi-ittihodiyai-avrupo-tashkili-davlati-jididi-tolibon-1042135032.html
https://sputnik.tj/20210908/uzbekiston-hamkor-afghoniston-omoda-1042137314.html
афғонистон
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0c/1041611915_69:0:2800:2048_1920x0_80_0_0_ae7836e3ab6b56f738ca30635fe4055c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, афғонистон, давлати фарогир, гуфтугӯ, телефонӣ, ҳомид карзай, вазри хориҷаи эрон
эрон, афғонистон, давлати фарогир, гуфтугӯ, телефонӣ, ҳомид карзай, вазри хориҷаи эрон
Абдуллоҳиён ба Карзай: танҳо давлати фарогир, метавонад Афғонистонро ба сулҳ расонад
Вазири умури хориҷаи Эрон дар гуфтугӯ бо раисҷумҳури пешини Афғонистон таъкид кардааст, ки Эрон хостори Афғонистоне ҳаст, ки дур аз ҷангу терроризм аст
ДУШАНБЕ, 8 авг – Sputnik. Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон дар гуфтугӯи телефонӣ бо Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешини Афғонистон бар гуфтугӯ миёни тамоми гурӯҳҳо, бо ҳадафи ташкили як давлати фарогир дар Афғонистон, ки бозтобдиҳандаи таркиби қавмиву ҷамъиятии ин кишвар бошад, таъкид кард, иттилоъ додааст хабаргузории
ИРНА.
Оқои Абдуллоҳиён қайд кард, ки Афғонистон танҳо аз ин тариқ метавонад ба сулҳи пойдор бирасад.
Вазири хориҷаи Эрон ҳамчунин илова кард, ки Эрон марзҳо ва гузаргоҳҳои марзии худ бо Афғонистонро барои осон сохтани вазъи феълӣ дар ин кишвар боз нигаҳ медорад ва тиҷоратро идома хоҳад дод.
“Амрико дар ду даҳаи гузашта сабабгор ва масъули нобасомониҳои кунунӣ дар Афғонистон аст”, - илова кард вазири эронӣ.
Аабдуллоҳиён афзуд, ки дар ҳоли ҳозир ин назар ва иродаи мардуми Афғонистон аст, ки бояд ба ин вазъ поён диҳанд.
Ҳомид Карзай, раисҷумҳурии пешини Афғонистон низ дар ин тамоси телефонӣ изҳор доштааст, ки бузургони Афғонистон барои убур аз ин вазъ ниҳояти талоши худро анҷом медиҳанд ва ҳадафи аслӣ таҳаққуқи хосту иродаи мардуми Афғонистон аст.
Вай зимни тақдир аз мавозеъ ва талошҳои бакоргирифташуда аз сӯи Эрон таъкид кард.
“Ҳамроҳ бо дигар бузургону ришсафедон, бо гуруҳҳои мухталиф, аз ҷумла Толибон (созмони терроритии мамнӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон) дар ҳоли ройзанӣ ҳастем ва аз Эрони ҳам дархост дорем, ки мисли собиқ кумакҳои худро дар ростои осонсозии ин амр идома диҳад”, - гуфт Ҳомид Карзай.