https://sputnik.tj/20210907/vazorat-kohish-giriftor-koronavirus-omor-1042095624.html
Вазорат аз коҳиши гирифторон ба коронавирус хабар дод: нашри омор
Вазорат аз коҳиши гирифторон ба коронавирус хабар дод: нашри омор
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави паҳншавии коронавирус дар кишварро нашр мекунад, тибқи нишондод ҳамарӯза сатҳи гирифтрорӣ ба ин беморӣ коҳиш меёбад
2021-09-07T10:41+0500
2021-09-07T10:41+0500
2021-09-07T10:41+0500
мавҷи сеюми коронавирус дар тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
дар тоҷикистон
тандурустӣ
вазорати тандурустӣ
ваксина
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103133/79/1031337929_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_1fb57bc57084cfc7631dfa1f734ce795.jpg
ДУШАНБЕ, 7 сен - Sputnik. Тибқи иттилои ин ниҳод, давоми шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 21 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Шумораи одамоне, ки авоми як рӯзи охир дар кишвар аз COVID-19 шифо ёфтанд, 17 нафар гуфта мешавад.Ҳамзамон шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати марг аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Дар маҷмӯъ, 124 бемор аз ин вирус фавтидаанд.Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 6 сентябр дар кишвар 17005 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то кунун 16866 нафар (99,2%) шифо ёфтаанд. Қобили зикр аст, ки аз моҳи август то кунун дар Тоҷикистон коҳиши шумораи ҳолатҳои нави ин беморӣ мушоҳида мешавад.Ҳамин тавр, агар дар аввали моҳ ҳар рӯз тақрибан 70 нафар бемор мешуд, дар охири моҳи август ин рақам то 21 нафар коҳиш ёфт.Ҳамзамон тибқи иттилои мақомот дар кишвар наздик ба 3 миллион тан ваксина гирифтаанд.Ҳоло дар Тоҷикистон барои пешгирӣ аз ин беморӣ ваксинаҳои CoronaVac (Чин), AstraZeneca (Аврупо) ва Moderna (ИМА) - ро ройгон гирифт.
https://sputnik.tj/20210902/koronavirus-tojikiston-omor-mohi-avgust-1042032241.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103133/79/1031337929_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_bfcb13ba94a3d38c0fd86ecfe53eb165.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вазорат, коҳиш, гирифторон, коронавирус, омор
вазорат, коҳиш, гирифторон, коронавирус, омор
Вазорат аз коҳиши гирифторон ба коронавирус хабар дод: нашри омор
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави паҳншавии коронавирус дар кишварро нашр мекунад, тибқи нишондод ҳамарӯза сатҳи гирифтрорӣ ба ин беморӣ коҳиш меёбад
ДУШАНБЕ, 7 сен - Sputnik. Тибқи иттилои ин ниҳод, давоми шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 21 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст.
Шумораи одамоне, ки авоми як рӯзи охир дар кишвар аз COVID-19 шифо ёфтанд, 17 нафар гуфта мешавад.
Ҳамзамон шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати марг аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Дар маҷмӯъ, 124 бемор аз ин вирус фавтидаанд.
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 6 сентябр дар кишвар 17005 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то кунун 16866 нафар (99,2%) шифо ёфтаанд.
Қобили зикр аст, ки аз моҳи август то кунун дар Тоҷикистон коҳиши шумораи ҳолатҳои нави ин беморӣ мушоҳида мешавад.
Ҳамин тавр, агар дар аввали моҳ ҳар рӯз тақрибан 70 нафар бемор мешуд, дар охири моҳи август ин рақам то 21 нафар коҳиш ёфт.
Ҳамзамон тибқи иттилои мақомот дар кишвар наздик ба 3 миллион тан ваксина гирифтаанд.
Ҳоло дар Тоҷикистон барои пешгирӣ аз ин беморӣ ваксинаҳои CoronaVac (Чин), AstraZeneca (Аврупо) ва Moderna (ИМА) - ро ройгон гирифт.