Вазир сартабиби дармонгоҳи Хуҷандро барканор кард

© PixabayДоктор работает за компьютером, архивное фото
Доктор работает за компьютером, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.09.2021
Обуна шудан
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон сартабиби дармонгоҳи шаҳри Хуҷандро сабукдӯш кардааст
ДУШАНБЕ, 7 сен – Sputnik. Раъно Ниёзова, сартабиби Дармонгоҳи шаҳрии № 5 - и Хуҷанд баъди се моҳи кор дар ин мақом барканор гардид.
Манобеъ аз Дармонгоҳи № 5 - и Хуҷанд дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки айни ҳол вазифаи сартабибро Мусаббеҳ Бобоҷонова иҷро карда истодааст.
Раъно Ниёзова моҳи июни соли ҷорӣ ба ин мақом ба ҷойи Музаффар Наҷимов таъйин шуда буд.
Ӯ қаблан дар як дармонгоҳи шаҳри Бӯстон минҳайси духтури асабшинос кор мекард. Зимнан сабаби зуд аз вазифа барканор шудани ӯро масъулин расман шарҳ надодаанд.
РФ передала Таджикистану реанимобили - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.09.2021
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Русия ба Тоҷикистон 10 худрави ёрии таъҷилӣ барои COVID-19 тақдим кард
Аммо қабалн дар додситонии шаҳри Хуҷанд зимни баргузории ҷаласаи кормандони соҳаи тиб, фаъолияти роҳбарии Ниёзова мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Аз ҷумла таъкид шуда буд, ки табибони дармонгоҳ аз шеваи муносибати сартабиб изҳори нигаронӣ намудаанд.
Манобеъ мегӯянд, то замони барканории Ниёзова, кормандони мақомоти прокуратура фаъолияти роҳбарии ӯро мавриди санҷиш қарор додаанд.
Назари худи Ниёзова феълан дар марвиди далоили барканорияш дастрас нест.
Лентаи хабарҳо
0