Шаби гузашта дар Панҷшер: фармондеҳони муқовимат куҷоянд?

© Александр ХроленкоПанджшерское ущелье
Панджшерское ущелье - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.09.2021
Обуна шудан
Шаби гузашта дар қиёс бо рӯзу шабҳои як ҳафтаи ахир шиддати даргириҳо миёни Ҷабҳаи муқовимат ва “Толибон” дар дараи Панҷшер поинтар буд
ДУШАНБЕ, 7 сен – Sputnik. Дирӯз аввалин рӯзи ҳукумати “Толибон” дар ин дара маҳсуб меёфт, ки бино ба гузоришҳо, барояшон бидуни талафоти ҷиддӣ ба охир расидааст.
Манбаъи Sputnik Тоҷикистон аз қавли яке аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд хабар доданд, ки нерӯҳои муқовимат шаби гузашта дар минтақаи Хинҷ ва Пеҷғур болои нерӯҳои толиб ҳамла карда буданд ва бархе ҷойҳои дигар, назири Руха ва Обшор мардум ба нерӯҳои “Толибон” – ро зарба заданд, аммо ин ҳамалот пухта набудааст.
“Як даргирии ҷиддитар дар Хинҷ рух дод. Толибон дар як дараи фаръии қарияи Сефедчеҳри Париён боло мешаванд, ки мавриди ҳамлаи муқовиматгарон қарор мегиранд. Вақте поён меоянд, боз дар камин меуфтанд. Аммо теъдоди онҳо зиёд набуд, хеле маҳдуд буд. Захмиву кушта доштанд, ё надоштанд, маълум нест. “Толибон” тавассути “ҳомвей” – ҳо худро аз дара берун кашиданд”, - гуфт манбаъ.
Манбаъи дигар мегӯяд, нерӯҳои муқовимат ҳоло дар ҳоло ба дараҳои фаръӣ паноҳ бурда, барои ҳамалоти оянда барномарезӣ мекунанд, зеро дар наҳваи ҷанг низ тағйир ёфтааст.
“Ҷанг дубора бо интизомоти ҷадид оғоз шудааст. Ҳоло ба ҷуз нерӯи пиёда муқовимат бо нерӯҳои ҳавоӣ ва тайёраҳои бесарнишин сарукор дорад, ки бархӯрди муносибе бо онҳо бояд сурат гирад. Вазъияти ҷангӣ хеле хатарнок шудааст. Аммо авзоъ ба ҳамин зудӣ баргашт мехӯрад”, - гуфт ин манбаъ.
Афганское движение сопротивления во время учений в провинции Панджшер, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.09.2021
Собиқ мақомдори Афғонистон: Панҷшер мардумро барои мубориза бо Толибон* илҳом мебахшад
Манобеъ ҳамзамон аз маҳалли будубоши фармондеҳони ҷабҳа, назири фармондеҳи кулли муқовимат Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ, фармондеҳон Ҳамид Сайфӣ, Холид Амирӣ, Мунир Амир, ки шоъеоте дар бора кушта шуданашон паҳн шуда буд, хабар медиҳанд, ки бо нерӯҳои худ дар дараҳои фаръии Панҷшер мавқеъ гирифта, дараро тарк накардаанд.
“Ҳамчунин сойири фармондеҳони дигар, назири Гулҳайдархон, Ҳоҷӣ Баҳлул, Пирмуҳаммад Хоксор, Боба Ҷаландар, Аҷмал Сайидхелӣ ва дигарон низ ба саломатанд ва ба амалиётҳои оянда омодагӣ мебинанд. Дар ин ҷангҳо ягон фармондеҳи низомӣ шаҳид нашудааст”, - гуфт манбаъ.
“Толибон” дирӯз расман эълон карданд, ки вилояти Панҷшер, охирин вилояти озод аз сайтараи онҳо таҳти назорати онҳо гузаштааст ва ба ҳар як муқовимати низомӣ дар дара ҳассос хоҳанд буд.
Аҳмади Масъуд, раҳбари Ҷунбиши миллии муқовимат, ки бино ба гузоришҳо, низ дар Панҷшер паноҳ бурдааст, дирӯз, 6 август, бо як эъломияи савтӣ аз худ дарак дод ва мардуми Афғонистонро дар саросари Афғонистон ва дунё ба қиёми умумимиллӣ даъват кард.
Лентаи хабарҳо
0