https://sputnik.tj/20210907/prezident-vaz-noguvor-mintaqa-omodabosh-1042095208.html
Президент аз вазъи ногувори минтақа гуфту таъкид ба омодабошии низомиён кард
Президент аз вазъи ногувори минтақа гуфту таъкид ба омодабошии низомиён кард
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон мегӯяд, вазъияти ногувор дар минтақаву кишварҳои алоҳидаи дунё идома ва ҳатто шиддати бештар касб менамояд ва бинобар ин низомиёни тоҷик дар ҳолати омодабош бошанд
2021-09-07T10:17+0500
2021-09-07T10:17+0500
2021-09-07T12:00+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/16/1041093720_0:106:2048:1258_1920x0_80_0_0_0e151fbf1b2cd643cc13f2ca2b479705.jpg
ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Эмломалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ дар гузашти низомӣ дар майдони "Дӯстӣ" - и Душанбе афсарону сарбозонро ба ҷашни истиқлоли кишвар табрик карда, изҳори умед кард, ки онҳо савганди додаашонро барои ҳимояи марзу бум содиқона иҷро хоҳанд кард.Раисиҷумҳураз дастовардҳои даврони истиқлолият зикр карда, ҳамзамон гуфтааст, ки барои ба талаботи рӯз ва вазъи мураккаби ҷаҳони муосир мутобиқ гардонидани сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ ва баланд бардоштани иқтидори мудофиавии мамлакат ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда, бо ин мақсад аз тамоми захираву имкониятҳо истифода мекунанд.Эмомалӣ Раҳмон гуфт, вусъат пайдо кардани фаъолияти ҳаракату созмонҳои террористӣ, экстремистӣ ва радикалӣ, низоъҳои диниву мазҳабӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллиро боиси ташвишу нигаронии ҷиддии сокинони сайёра, аз ҷумла мардуми Тоҷикистон кардааст.Дар чунин шароит, роҳбарони Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хусусан, Қӯшунҳои сарҳадиро зарур аст, ки ҷиҳати таъмини ҳифзи сарҳади давлатӣ, амнияти ҷомеа ва давлат, ҳимояи зиндагии орому осудаи мардум ва дар сатҳи баланд нигоҳ доштани омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд, таъкид кард президент.Ёдовар мешавем имрӯз ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар маркази душанбе бо иштироки 30 ҳазор сарбозону афсарон гузашти низомӣ доир гашт.
https://sputnik.tj/20210907/guzasht-nizom-istiqlol-tojikiston-pahsh-mustaqim-1042094512.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/16/1041093720_116:0:1933:1363_1920x0_80_0_0_5def44a5667f126b671987bd28e90f53.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон
Президент аз вазъи ногувори минтақа гуфту таъкид ба омодабошии низомиён кард
10:17 07.09.2021 (Навсозишуда: 12:00 07.09.2021) Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи низомиёни кишварро бо Рӯзи истиқлол табрик гуфта, бинобар вазъи ноором дар минтақа онҳоро ба ҳолати омодабош даъват кард
ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Эмломалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ дар гузашти низомӣ дар майдони "Дӯстӣ" - и Душанбе афсарону сарбозонро ба ҷашни истиқлоли кишвар табрик карда, изҳори умед кард, ки онҳо савганди додаашонро барои ҳимояи марзу бум содиқона иҷро хоҳанд кард.
Раисиҷумҳураз дастовардҳои даврони истиқлолият зикр карда, ҳамзамон гуфтааст, ки барои ба талаботи рӯз ва вазъи мураккаби ҷаҳони муосир мутобиқ гардонидани сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ ва баланд бардоштани иқтидори мудофиавии мамлакат ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда, бо ин мақсад аз тамоми захираву имкониятҳо истифода мекунанд.
"Дар ин раванд, боз ҳам беҳтар таъмин намудани ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо техникаву таҷҳизоти ҳозиразамон, силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва дастгирии молиявию иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошанд, ки мо ба ҳалли онҳо эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ медиҳем", - таъкид кардааст Эмломалӣ Раҳмон.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, вусъат пайдо кардани фаъолияти ҳаракату созмонҳои террористӣ, экстремистӣ ва радикалӣ, низоъҳои диниву мазҳабӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллиро боиси ташвишу нигаронии ҷиддии сокинони сайёра, аз ҷумла мардуми Тоҷикистон кардааст.
Дар чунин шароит, роҳбарони Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хусусан, Қӯшунҳои сарҳадиро зарур аст, ки ҷиҳати таъмини ҳифзи сарҳади давлатӣ, амнияти ҷомеа ва давлат, ҳимояи зиндагии орому осудаи мардум ва дар сатҳи баланд нигоҳ доштани омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд, таъкид кард президент.
Ёдовар мешавем имрӯз ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар маркази душанбе бо иштироки 30 ҳазор сарбозону афсарон гузашти низомӣ доир гашт.